ДОМ маросими ботанатанаи қабули донишҷӯёнро барои соли хониши 2016 оғоз менамояд

Date: 18 February 2016
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) маъракаи қабули бакалаврӣ барои  ҷалб намудани донишҷӯёни боистеъдод,  аз мактабҳои шаҳру деҳот, дар саросари Осиёи Марказӣ, барои таҳсил оғоз намуд.   ДОМ аввалин донишгоҳ бо таъминоти пурраи зист дар Осиёи Марказӣ аст, ки тавассути стипендияи наҷибона  ва қарзҳои имтиёзнок  ба донишҷӯён маълумоти сатҳи ҷаҳониро пешкаш менамояд.
 
Компуси аввалини Донишгоҳ дар моҳи сентябри соли 2016 дар шаҳри Норин, Ҷумҳурии Қирғизистон кушода хоҳад шуд. Донишҷӯён дар тӯли панҷ сол дар донишгоҳ таҳсил хоҳанд кард, ки он бо Барномаи омодагии яксола, барои тайёр намудани  онҳо дар сатҳи байналмилалии академикӣ,   кӯмак мерасонад. Баъдан, ба таҳсили дусолаи маълумоти умумӣ,  тавассути барномаи таълимии асосии дақиқ, ки аз тарафи барномаҳои гуманитарии  Амрикои Шимолӣ таҳия шудааст, фаро хоҳанд гирифт. Дар ин ду сол охир,  диққати асосӣ ба ихтисосҳои бакалаврӣ оид  Фани компютерӣ, Иттилоот ва  Ахбори Омма дода мешавад. Компуси дуюмӣ,тибқи нақша дар дар моҳи сентябри соли 2017 дар шаҳри Хоруғи Тоҷикистон кушода шуда,  барномаҳои Иқтисодиёт ва Фан дар бораи Замин ва муҳити атрофро пешниҳод мекунад.
 
Қабули мазкур барои донишҷӯёне, ки барои ихтисосҳои ҳам дар компусҳои Норин ва Хоруғ номнавис шудаанд  пешбинӣ шудааст.  Донишҷӯёне ки ҳадафи таҳсил дар шаҳри Хоруғ доранд, соли 2017 ба Хоруғ кӯчонда мешаванд.  Интизор меравад, ки компуси  Текели дар  Қазоқистон соли  2019 кушода шуда,  илмҳои Муҳандисӣ, ва Соҳибкорӣ ва Идоракуниро дар бар мегирад.   Нақшаи се кампус аз тарафи  меъмори Ҷопонӣ  Арата Исосаки, тарҳрезӣ шуда, дар муҳити зебоманзари табиӣ кӯҳӣ ҷойгиранд
 
 Таълими барномаи бакалаврии ДОМ бо забони англисӣ сурат гирифта, барномаҳои асосӣ ва дувуминдараҷаро, ки ба талаботи бозори меҳнатии Осиёи Миёна алоқаманданд,  пешниҳод мекунад. Он дорои хурдтарин таносуби байни донишҷӯён ва устодонро ( 9 бар 1) дар минтақа  буда, иншооти тамоман нави  замонавӣ дорост.  Қабул ба Донишгоҳ дар асоси дастовардҳо аст; новобаста  аз мушкилоти молиявӣ ҳар як донишҷӯ қабул карда мешавад.   ДОМ кӯмаки молиявӣ калонро ба монанди  стипендия дар заминаи қобилият, грантҳо барои эҳтиёҷмандон , ва  қарзҳои имтиёзнок бо шарту шароитҳои дастрасро ба  донишҷӯӣ пешниҳод мекунад.
 
“Компусҳои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ , як ҷомеаи беназири илмииро ташкил медиҳанд. Донишҷӯёни мо бо таҷрибаҳои гуногуни ҷамъ меоянд. Устодони  баландихтисос бо унвонҳои дараҷаи  докторӣ аз донишгоҳҳои шинохта, ҳамчун  захираи зеҳнӣ бо  ҳамкорӣ ва дастгирии қавӣ бо донишгоҳҳои пешқадами дар саросари ҷаҳон,  ба ДОМ имконият медиҳанд, ки таҳсилоти олӣ дар сатҳи байналмилалӣ  қабулшударо фароҳам оварад. Компусҳо  таҷрибаи таълимӣ ва ҳаёти ҷомеаи солим, ки истеъдод ва неруи донишҷӯёнро боз хоҳад кард ва ба онҳо кӯмак мекунад, ки яке аз фаъолони  ҷомеаи худ бошанд”, гуфт: Дуктур Богдан Кравченко, Директори генералӣ ва декани тадқиқоти илмии баъдидипломии ДОМ.
 
Дастаи қабул дар моҳи феврал ва март дар саросари Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Қазоқистон  сафар хоҳад кард.  Аз донишҷӯён ва волидони пурсида мешавад, ки сесияҳои иттилоотӣ дар маҳалашон иштирок намоянд, ки дар он кормандони ДОМ, маълумоти муфассал пешниҳод намуда ба саволҳо ҷавоб мегӯянд. Барои маълумоти бештар оид ба ҷадвали гузаронидан  санаҳои сесияҳои иттилоотӣ ва ҷойгиршавии онҳо, лутфан  ба сомонаи зер ташриф оред: http://bit.ly/UCAInfoSessions-ru 
 

Барои дастрасии Намунаи аризаҳои  ба сомонаи  apply@ucentralasia.org ташриф оред. Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо  то 18 ӯми март. Донишгоҳ имтиҳони қабулро  3 –юми апрел ва натиҷаи қабулро дар моҳи Июн эълон хоҳад кард.

Барои маълумоти бештар оид ба барномаҳои  унвонии ДОМ ба сомонаи : www.ucentralasia.org/admissions.ташриф  оред. Бо мо тамос гиред mail: admissions@ucentralasia.org,ё  ё занг занед: +996 312 663 822 (Ҷумҳурии Қирғизистон) +992 93 999 99 64 (Тоҷикистон)  +7 777 822 3948 (Қазоқистон) бо саволҳои худ муроҷиат намоед.