Афзалиятҳои таҳсилот бо таъминоти пурраи манзилгоҳ дар Донишгоҳи воқеъ дар мавзеи кӯҳӣ

Date: 02 March 2016
Мақолаи  мазкур, як қисми силсиламақолаҳои  бахши «Интихоби Донишгоҳ» мебошад ва он пурсишҳо  ва имконотҳои донишҷӯёнро, ки ҳангоми дохил шудан ба Донишгоҳ  рӯ ба рӯ мешаванд,меомӯзад. Ин силсиламақолаҳо, аз ҷониби Донишгоҳи Осиёи Марказӣ таҳия шудаанд, ки аз моҳи сентябри соли 2016, қабули як гурӯҳи донишҷӯёнро оғоз мекунад. Рузи охири дархост 18 Марти 2016. 
 
 
Барои аксари донишҷӯёни Осиёи Марказӣ, ба даст овардани маълумоти олӣ, маънои иштирок  ба дарсҳои донишгоҳ дар шаҳр ё навоҳӣ, зиндагонӣ дар хона ва  ё ҳуҷраи ба иҷора  гирифта  ё омаду рафти ҳаррӯза  ба компусро дорад. Робитаи дутарафа  бо факулта ва ҳамкурсон аксаран  дар дарсҳо сурат мегирад, ки дар ҳолати  иштирок дар лексияҳо дар як толори калон  хело маҳдуд аст. Саъюу кушиш  барои сари вақт ба синфхона расидан, ё дарёфти ҷои ором барои хондан, яке аз масъалаҳои  асосӣ, ки боиси сар задани ҳолатҳои ногувори (стресси)  толибилмони  донишгоҳ мешаванд.
 
Таҳиқотҳо нишон медиҳанд, ки зиндагӣ ва ҳамкорӣ бо ҳамкурсон  дар компус ба рушди  тафаккури интиқодӣ, огоҳии фарҳангӣ, малакаҳои роҳбарӣ ва рушди академии донишҷӯён таъсири мусбат мерасонад. Ҳамзамон,  баръакс таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки ҳарчанде ки шумо аз компус  дуртар бошед, шумо имконоти камтар барои дастрасӣ ба маводҳои таълимии донишгоҳро доред. Ин донишҷӯёни деҳотиро дар вазъи номусоид   мегузорад.
 
ДОМ чунин мешуморад, ки  таҳсилоти  олӣ  ин на танҳо  иштирок дар дарсҳо ва иҷрои  супоришҳо  аст. ДОМ ба донишҷӯёни минтақа чизи ғайриоддиро  пешниҳод мекунад, ин  манзилгоҳи муназзам, таҷрибаи гуногунҷабҳа дар муҳите, ки  боиси омӯзиш ва табодули ошкори ақидаҳо мегардад. Дар ДОМ, омӯзиш аз вақти  аз хоб бедор шудан   то вақти  хобравӣ, давом мекунад. 
 
ДОМ ба донишҷӯён имкони зист байни ҳамкурсон ва кормандони  факулта, истифодаи таҷҳизоти ва маводҳои навтарин, дарёфти стандарти байналмилалӣ  таҳсилот  дар ҷомеа, дар муқоиса бо дигар донишгоҳҳои   минтақаро таъмин менамояд. Ҳар як компуси бехавфи  ДОМ,  иншоотҳои зебои таълимӣ мувофиқи меъёри ҷаҳонӣ  тарҳрезишуда, иншоотҳои варзишӣ ва ошхона, китобхонаҳо, озмоишгоҳҳо, хонаи истироҳат, бунгоҳҳои тандурустӣ ва саломатӣ, таъминоти  100 фоизаи алоқаи  интернетӣ ва дигар иншоотҳоро фаро мегирад.  Мавқеи ҷойгиршавии се компуси бошукӯҳи ДОМ, дар манотиқи зебоманзари кӯҳӣ ба донишҷӯён шароити  беҳтарин, барои  аз сар гузаронидани  таҷрибаи таълимии тағйирёбандаи ҳаётиро таъмин менамояд.
 
Компус  бо ҳама маводҳои зарурӣ барои омӯзиш ва рушди шумо таъмин аст. Биёед, худатон бубинед!
 
Барои маълумоти пурра оид ба дохил шудан  ба  Донишгоҳи Осиёи Марказӣ,  ба сомонаи зер ташриф оред: www.ucentralasia.org/admissions, ё ба почтаи мо admissions@ucentralasia.org, ё  занг занед, ба: +996 770 822 901 (Ҷумҳурии Қирғизистон), +992 93 999 99 64 (Тоҷикистон), +7 777 822 3948 (Қазоқистон)