Чаро Шумо бояд соҳиби унвони илмӣ дар соҳаи Илм оид ба Замин дар Осиёи Марказӣ гардед?

Date: 03 March 2016
Мақолаи  мазкур, як қисми силсиламақолаҳои  бахши «Интихоби Донишгоҳ» мебошад ва он пурсишҳо  ва имконотҳои донишҷӯёнро, ки ҳангоми дохил шудан ба Донишгоҳ  рӯ ба рӯ мешаванд,меомӯзад. Ин силсиламақолаҳо, аз ҷониби Донишгоҳи Осиёи Марказӣ таҳия шудаанд, ки аз моҳи сентябри соли 2016, қабули як гурӯҳи донишҷӯёнро оғоз мекунад. Рузи охири дархост 18 Марти 2016.
 
 
Чӣ тавр шумо мехоҳед, соҳиби унвони  илмӣ дар соҳаи Замин ва муҳити зист дар яке  аз компусҳои зебоманзари куҳии Осиёи Марказӣ гардед? Компусҳои Донишгоҳи  Осиёи Марказӣ дар мавзеҳои  дилфиреби кӯҳӣ ҷойгиранд  ва  донишҷӯён  дар ин макони беҳамто машғули таҳсиланд.  Мо боварӣ дорем,  ки ояндаи  Осиёи Марказӣ, ин дар тайёр намудани  мутахассисони  соҳибихтисоси экологӣ, бо  ҷалби ҷамоатҳои кӯҳӣ мебошад. 
 
Боигарии бештари Осиёи Марказиро захираҳои табиӣ ташкил медиҳанд; донистан ва идоракунии ин захираҳо барои рушди минтақа хело муҳим аст. Ин минтақа макони сарватҳои  гуногуни табиӣ, чарогоҳҳои васеъ, захираҳои бузурги ҷангалзорҳо, захираҳои азими маъданҳои кӯҳӣ мебошад. Пиряхҳои кӯҳӣ, дарёҳо ва кӯлҳо, манбаъҳои  асосии обӣ мебошанд. Ин мавзеи биҳиштосои истифоданашуда, бо ҷомеаҳои мухталиф, дониш ва анъанаҳои бойи  сокинонаш  барои рушди туризми кӯҳӣ  хело қулай аст.
 
Кӯҳҳои Осиёи Марказӣ, ҳамзамон мушкилоти назаррасеро низ пеш меоранд. Онҳо  ба офатҳои табиӣ хело осебпазиранд ва манбаъҳои обӣ боиси  даргириҳои сиёсӣ ва экологӣ мешаванд.  Саноати кӯҳӣ ва кишоварзӣ  соҳаҳои хело муҳиманд, вале аксар вақт вақт дуруст идора карда намешаванд, манбаҳои воситаҳои зиндагӣ ва туризм  дар зинаи паст рушд ёфтаанд. 
 
Барномаи байнифании ДОМ, Илм оид ба Замин ва муҳити зист  (ИЗМЗ), хатмкунандагонро барои ҳалли мушкилоти сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ омода месозад. Донишҷӯёни хатмкунанда, бояд барои таҳлили маълумотҳои экологӣ ва геологӣ; истифодаи технологияи  экологӣ барои муоинаи сифати обу ҳаво; истифода фосилавӣ ва моделсозӣ; дониши ҳамгирои илмии иқтисодӣ ва воқеияти  иҷтимоӣ  ва барои ҳалли мушкилотҳои экологӣ, қодир бошанд.
 
Барномаи ИЗМЗ, дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои олии ИМА ва Канада таҳия шуда, хатмкунандагон  таҷриба ва тахассуси зарурӣ ба даст меоранд, ки он ба талаботҳои корпоратсияҳое,  ки бо воситаҳои нави истеҳсоли энергия, саноати кӯҳӣ,  бахши  давлатии  сиёсати экологӣ,  арзёбӣ ва пешгири намудани офатҳои табиӣ ва идоракунии захираҳои обӣ, ҷавобгӯ мебошанд.
 
Барномаи  ИЗМЗ-и ДОМ  барои  таҳқиқотҳои махсус имконият фароҳам меорад. Донишҷӯён ба  маводҳои   Донишкадаи тадқиқоти ҷомеаҳои Кўҳӣ  (ДТҶК), муҳаққиқони байналмилалӣ ва Системаҳои Иттилоотӣ Ҷуғрофӣ (СИҶ)  ва озмоишгоҳҳо дастрасӣ доранд.
 
Барои  беҳтар фаҳмидани мушкилот ва дороиҳои манотиқи Осиёи Марказӣ, аз донишгоҳе, ки  дар доманаи  куҳҳо бунёд  шудааст,  шароити қулайтаре нест. Ба ДОМ дохил шавед ва  таҳсилоти худро дар ин муҳити  нотакрори латиф  оғоз  намоед.
 
Барои гирифтани маълумоти бештар, лутфан ба сомонаи зер: www.ucentralasia.org/admissions, admissions@ucentralasia.org, ё  тавассути занги телефонӣ ба: +996 770 822 901 (Ҷумҳурии Қирғизистон) +992 93 999 99 64 (Тоҷикистон) +7 777 822 3948 (Қазоқистон) муроҷиат намоед.