Чаро шумо бояд дорои унвон дар соҳаи иқтисодиёт дар Осиёи Марказӣ гардед?

Date: 10 March 2016
Мақолаи  мазкур, як қисми силсиламақолаҳои  бахши «Интихоби Донишгоҳ» мебошад ва он пурсишҳо  ва имконотҳои донишҷӯёнро, ки ҳангоми дохил шудан ба Донишгоҳ  рӯ ба рӯ мешаванд,меомӯзад. Ин силсиламақолаҳо, аз ҷониби Донишгоҳи Осиёи Марказӣ таҳия шудаанд, ки аз моҳи сентябри соли 2016, қабули як гурӯҳи донишҷӯёнро оғоз мекунад. Рузи охири дархост 15 апрел  2016.
  
 
Дарки аниқи сатҳи иқтисодии  кунунии минтақа, қабули қарорҳо, ҳаётан муҳим аст.  Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъсироти  чӣ тавр кормандони ҳукумат буҷаи миллиро таҳия мекунанд ва  чӣ тавр корпоратсияҳои калон дар соҳаи коркарди конҳо ва идоракунии захираҳои табӣи сармоягузорӣ  мекунанд, мусоидат мекунад. Дар сатҳи  микро, фаҳмиши иқтисодиёт ба соҳибкорони хурд барои муайян кардани вақт ва  васеъ намудани амалиётҳо ё баланд бардоштани нарх кӯмак мерасонад. Дар сатҳи инфиродӣ, иқтисодиёт нуктаи муҳим барои қарори қабул кардани оид ба таҳсил дар Донишгоҳ мебошад. Чӣ тавр шумо ҳаққи таҳсилро  пардохт мекунед?  Оё ин пардохт ба он меарзад? Оё  талабот ба малакаҳои навомӯхтаи шумо ҳаст? Оё имконоти таъмин бо ҷои кор  вуҷуд дорад? Оё бо гирифтани унвони донишгоҳ, пас аз хатми таҳсил, вазъи иқтисодӣ  ва шахсии шумо беҳтар мешавад?
 
Сарфи назар аз нооромиҳоиҳои бозорҳои ҷаҳонӣ, дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар солҳои охир, рушди баланд дар соҳаи  иқтисодиёт ба назар мерасад. Дар даҳсолаи охир, афзоиши солона ба қадри нӯҳ дарсад  зиёд шуд, ки ин афзоиши  баландтарин дар ҷаҳон аст. Захираҳои табиӣ, соҳаи кишоварзӣ ва тиҷорати молҳо, заминаҳои асосии ба ҳаракат даровардани ин афзоиш мебошанд.
 
Тааҷҷубовар нест, ки бо бещтар шудани сатҳи иқтисодӣ, талабот ба мутахассисони соҳаҳои иқтисодиёт ва савдои байналмилалӣ рӯ ба афзоиш аст.
 
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, барномаи асосии бакалаврии Иқтисодиро дар посух ба эҳтиёҷоти  иқтисодии минтақа тарҳрезӣ кардааст. Барномаҳои ДОМ, ҷавобгӯ ба талаботи бозор буда ба донишҷӯён маҷмӯи малакаҳои ҳамаҷонибаи таҳлилӣ ва амалӣ, ки ба онҳо имконот фаъолият дар корҳои бонкӣ, тиҷорати байналмилалӣ, молияи шахсӣ ва корпоративӣ ва сиёсатро медиҳад. 
 
Барномаи нодири иқтисодии ДОМ, ихтисосҳои иқтисодии соҳибкориро  пешниҳод мекунад.Тавассути пажӯҳиши ҳаматарафаи бозор, ДОМ  норасоиҳои ҷойдошта дар соҳаи таълими иқтисодӣ барои донишҷӯён дар минтақаро муайян мекунад: теъдоди хело кам имконияти ташакулли малакаҳои соҳибкориро доранд. Донишҷӯёни  бахши иқтисодии  ДОМ,  барои ба дастрасӣ ба курсҳои муоссир оид ба  иқтисодиёти соҳибкорӣ, соҳибкории иҷтимоӣ ва дарки воситаҳои зарурӣ, барои  амалӣ намудани  идеяҳо  ба соҳибкории фаъол ва устувор имконият доранд. Хатмкунандагони бахши  иқтисодиёти ДОМ, ҳам барои дарёфти ҷойи кор ва ҳамзамон ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ, имконият пайдо мекунанд.
 
Дар рафти таҳсил дар барнома, донишҷӯён дастрасӣ ба навовариҳо ва лабораторияи соҳибкорӣ  ва шароит барои оғози кори соҳибкорӣ доранд. Тавассути таҷрибаомӯзии  пардохтшаванда ва лоиҳаҳои машваратӣ, донишҷӯён инчунин шабакаи ҳамкоронро таъсис медиҳанд, ки он мутахассисони соҳаи иқтисодиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ ва мукин аст аз хориҷи кишварро фаро мегирад, ки он барои такмили маҳорати  устувори  касбӣ, пас аз хатм кӯмак мерасонад.
 
Ҳамаи ҷузъҳои  барномаи иқтисодиёти ДОМ,  тавре  тарҳрезӣ шудааст,  ки донишҷӯёнро ҳамаҷониба бо дониши мушаххас омода намуда, барои  ба кор бурдани нерӯи кории худ ва соҳибкори муваффақ шудан кӯмак мерасонад.
 
Барои маълумоти иловагӣ ва бештар оиди чӣ тавр барномаи Иқтисодиёти ДОМ метавонад ба шумо кӯмак кунад, ба сомонаи  зер ташриф оред: www.ucentralasia.org/admissions, бо почтаи мо admissions@ucentralasia.org, ё тавассути телефон ба +996 770 822 901 (Ҷумҳурии Қирғизистон) +992 93 999 99 64 (Тоҷикистон) +7 777 822 3948 (Қазоқистон) занг занед.