Чаро Шумо бояд ба барномаи Коммуникатсия ва Васоити Ахбори Оммаи Осиёи Марказӣ таҳсил намоед?

Date: 22 March 2016
Мақолаи  мазкур, як қисми силсиламақолаҳои  бахши «Интихоби Донишгоҳ» мебошад ва он пурсишҳо  ва имконотҳои донишҷӯёнро, ки ҳангоми дохил шудан ба Донишгоҳ  рӯ ба рӯ мешаванд,меомӯзад. Ин силсиламақолаҳо, аз ҷониби Донишгоҳи Осиёи Марказӣ таҳия шудаанд, ки аз моҳи сентябри соли 2016, қабули як гурӯҳи донишҷӯёнро оғоз мекунад. Рузи охири дархост 15 апрели 2016.
 
 
Агар шумо  ровии  муқаррарии  буда, мехоҳед тавасути ВАО ё ба дигар шакл воситаҳои иҷтимоӣ ибрози назар намоед, таҳсилот дар барномаи  Коммуникатсия ва ВАО, имконоти беҳтарин барои шомил  шудан ба ин соҳаи босуръат  тайғирёбанда ва осоре аз худ гузоштан аст.
 
Бахши  Коммуникатсия ва ВАО дар Осиёи Марказӣ, дар як чорроҳаи изтиробовар қарор дорад ва  ба  кормандони касбии ҷавон  имконият медиҳад, ки бо пахши ахборот, симои глобалии Осиёи Марказиро дар ҷаҳон муаррифӣ намоянд.Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Қазоқистон, технологияҳои расонаҳои давриро  бо суръати баланд қабул мекунанд, ки он барои баланд бардоштани  муомилаҳои тиҷорати электронии онҳо мусидат мекунанд. Ҳамзамон, соҳибкорони  Осиёи Марказӣ воситаҳои ахбори омма, ҳукумат ва дигар созмонҳо, дар ҷустуҷӯи мутахассисони ҷавон мебошанд, ки метавонанд  бо  пахши  маводҳои ахбороти  ҳаматарафа омӯхташуда, тавассути технологияи пешрафтаи истеҳсолӣ, рӯи  кор оранд.  Дар сафи расонаҳои даврӣ иттилоотӣ бош, ки он минтақаро тайғир медиҳад! 
 
Барномаи бакалаври Коммуникатсия  ва  Васоити ахбори оммаи  Донишгоҳи Осиёи Марказӣ,  як қатор имкониятҳои навро дар ин соҳа ба шумо фароҳам меоварад.  Шумо имкон доред ҳамчун корманди касбии иттилооти андеша ронед, малакаҳои хаттӣ ва тафаккури интиқодиатонро такмил диҳед, инчунин аз қонунҳои ҳуқуқӣ, ахлоқӣ,  фарҳангӣ, сиёсии ва иҷтимоии ВАО дар ҷомеаҳои Осиёи Марказӣ, огаҳӣ пайдо кунед.   Ҳамзамон, шумо  роҳҳои  чун   рӯзноманигори касбӣ фаъолият кардан,  усулҳои мувафақ шудан бо арзиши пасти технологияи мобилӣ ва компютерӣ истеҳсол намудани  маводҳои сифатан баланди видео  ва  аудиоӣ ва маводи графикӣ  хоҳед омухт. Донишҷӯёни ДОМ  пас аз хатм, бо малакаҳои зарурии барои соҳаи ВАО, аз ҷумла журналистика, муносибатҳои давлатӣ, реклама, алоқаи маркетингӣ, тарҳи бисёрсоҳавӣ гузориш,тайёр кардани маводи  ахборотӣ, идоракуни ва қонунҳои ҳуқуқии ВАО, муҷаҳҳаз хоҳанд  шуд.
 
Барномаи  Коммуникатсия ва ВАО-и ДОМ, бо донишҷӯён барои такмили тахассуси мукаммал, ки барои кормандони  соҳаи ВАО  ҳаётан муҳим аст, кӯмак мерасонад.  Шумо ба кадом соҳа  бештар шавқ доред?  Новобаста  аз шавқу ҳавас ба мусиқӣ, санъат, ҷомеашиносӣ, иқтисодиёт, сиёсат, ё ҳуқуқ, донишҷӯёни ДОМ метавонанд, соҳаҳои дӯстдоштаи худро дар соҳаи робита, бо ҳам омезанд. Шумо имкони  амиқтар  омӯхтан ва пахши  ахборот  доир ба як қатор соҳаҳоро доред.
 
Барномаи ДОМ равандҳои муосирро  дар омӯзиш ва  амалияи  васоити ахбори омма инъикос мекунад,  ва  барои  дарёфи ҷойҳои кории  сифатан баланд, кӯмак мерасонад.  Тавассути таҷрибаҳосилкунӣ пардохтшаванда ва лоиҳаҳои таълимии махсус, донишҷӯён таҷрибаи воқеӣ ҷаҳонӣ дар ҷомеа, пеш аз хатми таҳсил,  ба даст меоранд. Зиндагӣ ва таҳсил бо ҳамсабақонатон,  фаъолияти якҷоя дар  маҷаллаҳои электронӣ, наворҳои ҳафтаина, ва видеоҳои  YouTube,  ба шумо кӯмак мерасонанд ва  барои ташкили  шабакаи шахсӣ  ва фаъолияти  ояндаи касбиатон мусоидат мекунад.
 
Барои маълумоти бештар оид ба барномаи  Коммуникатсия ва Васоти ахбори оммаи ДОМ метавонед  ба сомонаи  зер ташриф оред: www.ucentralasia.org/admissions, email us at admissions@ucentralasia.org, or call: +996 770 822 901 (Ҷумҳурии Қирғизистон) +992 93 999 99 64 (Tоҷикистон)  +7 777 822 3948 (Қазоқистон).