ММКД- и ДОМ, Шаҳодатномаи Рушди Иқтисодии Ҷомеаҳои Маҳаллиро барои хизматчиёни давлатӣ дар Тоҷикистон тақдим менамояд

Date: 28 March 2016
Other languages: English | Русский язык |
Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Мактаби Осиёи (ММКД ДОМ), барои хатми бомуваффақият,  ба 14 нафар хизматчиёни давлатӣ аз  ҷамоатҳои ноҳияҳои Тоҷикистон, Шаҳодатноми Рушди Иқтисодии Ҷомеаҳои Маҳаллиро (РИҶМ), тақдим  намуд. Ин аввалин  хатмкунандагони  барнома, як гурӯҳи  хизматчиёни давлатии Тоҷикистон  мебошанд.
 
 
Маросими таҷлил,  дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ДИД) баргузор гардид, ки дар он ҷо Шарифҷон Ҳакимзода, Мушовири Раёсати захираҳои инсонӣ назди  Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон; Лутфия  Абдулқодирзода,       Ректори  ДИД; Гурез Қосимзода, муовини Директори Агентии хизматчиёни давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; Тоҷиддин Ҷуразода, муовини аввали Кумитаи рушди маҳаллӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; Акбар Алӣ Песнанӣ, Намояндаи доимии Шабакаи  Оғохон оид ба Рушд (AKDN) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; ва Доктор   Богдан Кравченко,  Директори Генералии ДОМ ва Декани тадқиқоти  баъдидипломӣ иштирок карданд.
 
"Таҳия ва бо муваффақият гузаронидани барномаи РИҶМ, бо 14 нафар хизматчиёни давлатӣ,  як марҳилаи муҳими ҳамкории мо бо Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, оид ба таълими кормандони  давлатӣ мебошад», гуфт, ректор Aбдулқодирзода. «Мо барои ҳамкории оянда бо ДОМ ва густариши ин комёбиҳо  омода ҳастем».
 
Оқои  Ҳакимзода, хизматчиёни давлатиро барои амалӣ намудани дониши андӯхта,оид ба худидоракунии  дар  ҷамоатҳои кишвар даъват  намуд. Хизматчиёни давлатӣ, яке аз аввалинҳо  ва дар аксар мавридҳо,  намояндагони ягонаи  давлатӣ мебошанд, ки бо ҷамоатҳои деҳот дар алоқа ҳастанд. 
 
«Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ДОМ ва ДИД, барои таҳия ва пешниҳоди намудани барноми Шаҳодатномавӣ барои хизматчиёни давлатӣ дар Тоҷикистон, миннатдории  бепоёни худро изҳор намуда,  хатмкунандагонро  барои анҷоми бомуваффақияти таҳсили  чунин барномаи муҳим  табрику муборакбод менамояд. Мо умедворем,  ки хатмкунандагон дониши навандӯхтаро барои ҳамкорӣ бо ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ҷомеаҳои худ бо пуррагӣ истифода  хоҳанд бурд», гуфт: Оқои "Ҳакимзода.
 
Беш аз даҳ моҳ, хизматчиёни давлатӣ, дар даҳ самтҳои асосӣ, аз ҷумла Идоракунии давлатӣ дар маҳал, Соҳибкорӣ ва  маблағгузории корчаллонӣ, Рушди инфрасохтор дар маҳал, Идоракунии истифодаи замин, Сафарбар намудани захираҳо барои рушди ҷомеаи маҳаллӣ ва дигар соҳаҳо омӯзиш гирифтанд. Тарҳи Барномаи қулайи модулии РИҶМ,  ба кормандони давлатӣ имконияти соҳиб шудан ба Шаҳодатнома, ки он ба 25- кредити  Системаи Кредитии  Аврупо оид ба интиқолро (ЕCTS) баробар аст, пешниҳод  намуд. 
 
«Мо малака ва дониши амалии худро, оид ба масъалаҳои рушди иқтисодӣ  ҷомеаи маҳаллиро такмил додем. Ин дар  фаъоляти  ҳаррӯзаи мо фоиданок  хоҳад буд ва мо инчунин дониши андухтаро  бо  дигар ҳамкорон,  барои идоракунии самаранок ва даровардани тайғирот  дар ҳаёти ҷомеа, қисмат хоҳем кард», гуфт: дорандаи Шаҳодатнома, Маҳтоб Қосимзода, муовини сардори ноҳияи Варзоб.
 
Барномаи РИҶМ  дар ҳамкорӣ боДонишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар заминаи  Ёддошти тафоҳум, ки  аз ҷониби ДИД ва ДОМ, дар соли 2014 ба имзо расидааст, баргузор гардид. ДОМ 10-модули Барномаи Шаҳодатномавии РИҶМ-ро  барои таълимии муштараки ДИД таҳия намуда,  бо ҷалби 10  нафар устодони  ботаҷриба ва  бо фарогирии  15 нафар хизматчиёни давлатӣ, амалӣ намуд. Созишнома, як қисми ӯҳдадориҳои васеъ барои таҳкими  зарфияти  хизматчиёни давлати ва худидоракунӣ маҳаллӣ  мебошад.
 
Хизматчиёни давлатӣ, барномаи мазкурро, ҳамчун як қисми (RPPI) Лоиҳаи тадқиқот  ва ташаббуси сиёсати давлатӣ, бо дастгирии Маркази Рушди Таҳқиқоти Байналмилалии Конадо ва намояндагии Хазинаи Оғохон дар Конадо хатм намуданд.