Чаро Норин, Хоруғ ва Текели? Компусҳои ДОМ дар чорроҳаи минтақа

Date: 05 April 2016
Other languages: Русский язык |
Мақолаи  мазкур, як қисми силсиламақолаҳои  бахши «Интихоби Донишгоҳ» мебошад ва он пурсишҳо  ва имконотҳои донишҷӯёнро, ки ҳангоми дохил шудан ба Донишгоҳ  рӯ ба рӯ мешаванд,меомӯзад. Ин силсиламақолаҳо, аз ҷониби Донишгоҳи Осиёи Марказӣ таҳия шудаанд, ки аз моҳи сентябри соли 2016, қабули як гурӯҳи донишҷӯёнро оғоз мекунад.Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 15 апрели соли 2016 давом мекунад.
 
 
Донишгоххои бехтарини дунё, барои донишҷӯён таҷрибаи пурраи ҳаётиро  пешниҳод мекунанд, ки таълим берун аз синфхона сурат мегирад. Таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, донишҷӯён ҳангоми зистан ва таҳсил  намудан дар компусҳо, имконоти  бештари донишомӯзиро доранд. Аз ин рӯ, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, ба толибилмон як қатор имкониятҳои васеъ ва гуногуни таҳсилотро фароҳам меоварад,  ки  он омӯзиш аз ҳайати  устодони  байналмилалии факулта,  ва  аз таълими инфиродӣ ба лоиҳаҳои таҳқиқотӣ  ҷомеаро  дар бар мегирад.
 
Дар гузашта, таҳсил дар беҳтарин донишгоҳ, маънои кўчидан ба пойтахтро дошт. ДОМ маросими кушодашавии  компуси истиқоматгоҳии куҳиро дар компуси Норини  Ҷумҳурии  Қирғистон оғоз хоҳад кард ва  кушода шудани компуси  Хоруғи Тоҷикистон мувофиқи реҷа, дар тирамоҳи соли 2017 ва Текелии Қазоқистон  дар соли 2019, ба назар гирифта шудааст. Аммо тарзи  якҷояи таҳсил ва истиқомат, як чизи нисбатан нав барои Осиёи Марказӣ  буда, донишҷӯён шояд фикр кунанд: чаро Норин, Хоруғ ва  ё Текели?
 
Компусҳои ДОМ дар Норин, Хоруғ ва Текели, дар маҷмӯъ, як Донишгоҳро дар се кишвар ташкил медиҳанд. Ҳар яке аз  компусҳои  ДОМ аст, дидаву дониста  дар Шоҳроҳи Абрешим қарор доранд, ки он ба роҳҳои таърихии тиҷорати ҷаҳонии  ва мубодилаи мол, фарҳанг ва ғояҳо мусоидат менамояд. Мероси Шоҳроҳи Абрешим, толибилмони ДОМ-ро  дар  маркази  диққати  қарор дода, таваҷҷӯҳи онҳоро  ба фаъолияти соҳибкорӣ ва ҳалли проблемаҳо, сафарбар менамояд. Донишҷӯёни ДОМ, ташаббусҳои ҷомеаро ҳамчун як қисми талабот ва татбиқи омӯзиши хизматрасонӣ дар минтақаи  худ тарҳрези  намуда  ва дар татбиқи он   лоиҳаҳо, ки ҳалли мушкилоти воқеӣ ҳаёти минтақаро дар бар мегиранд, иштирок мекунанд.
 
Компусҳои ДОМ, дар байни мавзеҳои мафтункунандаи соъиқаи куҳӣ ҷойгир шуда, ба донишҷӯён  имкони омӯзиш, дар алоқа бо муҳити зист ва ҷомеаҳои гирду атрофро  бо усулҳои нав,  таъмин менамоянд.   Компусҳои  шаҳракҳои  Норини  Қирғизистон, Хоруғи Тоҷикистон ва Текелии  Қазоқистон,  ҷомеаҳо ва  муҳити  аз ҷиҳати фарҳангӣ ва экологӣ  бойро ба  монанди интихоби таъомҳо, имкониятҳои саёҳат ва алоқаҳои нақлиётӣ ба марказҳои вилоятҳоро пешниҳод мекунанд.
 
Дар компусҳо, донишҷӯён таҷрибаи омӯзиши беҳамторо ба даст меоваранд: устодони  маҳаллӣ ва байналмилалии факулта, ки дар синфхонаҳои ҳаҷман хурд, дар иншоотҳои  зебо ва барҳаво, бо таҷҳзоти таълимии замонавӣ  ва алоқаи 100%  Интернетӣ, бо технология ва китобхонаҳои замонавӣ,  лабораторияҳо ва иншооти варзишӣ ҷиҳозонида шудаанд. Ҳар як донишҷӯи ДОМ, ҳамчунин  бо компютери нав (ноутбук)  таъмин карда мешавад.
 
Қаблан аз як моҳ пеш, Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон, дар форуми таҳсилоти олии Норин,  ҷойгир шудани  компусҳои ДОМ-ро дар ҷамоаҳои кӯҳӣ таърифу тавсиф намуда, Норинро ҳамчун   “ҷои тамошобоб" ва намунаи пайвастшавии минтақаҳо номид. Ҳар як компус дар доираи 150 километр, аз марказҳои  муосири иқтисодӣ ва сиёсӣ Чин, ҷойгир шудаанд.
 
Компусҳои Донишгоҳи  Осиёи Марказӣ, аз ҷиҳати  стратегӣ дар ҷомеаҳои кӯҳӣ ҷойгир шуда, тарзе тарҳрезӣ шудаанд, ки  бояд ба маркази  идоракунандаи  технология ва инноватсия дар минтақа табдил ёбанд. Бо шинос намудани толибилмон бо вазъи кишвар берун аз марказҳои пойтахт, Донишгоҳи мақсади тайёр намудани сарварони оянда, ки бо пешомадҳои таҳқиқоти баробари минтақавӣ ва ҷаҳони космополитианиро доро бошанд.
 
Барои маълумот бештар оид ба дохил шудан ба ДОМ ба сомонаи: www.ucentralasia.org/admissions, ё почтаи электронӣ admissions@ucentralasia.org, ё занг задан ба: +996 770 822 901 (Ҷумҳурии Қирғизистон) +992 93 999 99 64 (Tоҷикистон) +7 777 822 3948 (Қазоқистон) тамос гиред.