Зиндагӣ ва омӯзиш дар компус: Ҳаёти донишҷӯён дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ

Date: 13 April 2016
Мақолаи  мазкур, як қисми силсиламақолаҳои  бахши «Интихоби Донишгоҳ» мебошад ва он пурсишҳо  ва имконотҳои донишҷӯёнро, ки ҳангоми дохил шудан ба Донишгоҳ  рӯ ба рӯ мешаванд,меомӯзад. Ин силсиламақолаҳо, аз ҷониби Донишгоҳи Осиёи Марказӣ таҳия шудаанд, ки аз моҳи сентябри соли 2016, қабули як гурӯҳи донишҷӯёнро оғоз мекунад.Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 15 апрели соли 2016 давом мекунад.
 
 
Мутобиқ шудан ба тарзи ҳаёт дар донишгоҳ, барои донишҷӯён дар соли аввал мумкин аст, душвор бошад. Тарки хона ва оила, зиндагони мустақилона, иҷрои талаботҳои таълимӣ ва таҳкими  робитаҳои шахси  иҷтимоӣ  тағйиротҳои  асосӣ хоҳанд буд.
 
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ба донишҷӯён барои паси сар намудани чунин мушкилотҳо кӯмак мерасонад. ДОМ таҷрибаи бакалаврӣ бо таъминоти манзилгоҳро  бо фарқият аз дигар минтақаҳо, бо дастгирӣ   ва хизматрасонии  беҳамто пешниҳод мекунад.  Дар ДОМ, Мушовирони оид ба ҳаёти донишҷӯён, (МД) дар ҳар як  хобгоҳ ба донишҷӯён кӯмак мерасонад. МД дар ташкили намудани чорабиниҳо, кӯмак дар корҳои илмӣ, машварат оиди интихоби касб ва унс гирифтан ба тарзи ҳаёти  компус, донишҷӯёнро дастгирӣ менамоянд.  ДОМ, ба ҳар як донишҷӯ  барои расидан ба ҳадафи ниҳоии худ кӯмак мерасонад.
 
«Ҷомеаи компуси  Донишгоҳ серамал хоҳад буд. Дар ин ҷо, донишҷӯён тарбия ва рушд хоҳанд ёфт. Кормандони  оид ба ҳаёти донишҷӯён, онҳоро бо имкониятҳои бешумор  ба монанди  омӯхтан аз ҳамдигар  ва  истифодаи  сарфакоронаи вақт дар компус шинос мекунанд» гуфт: "Eрик  Кравс,  Менеҷери оид ба корҳои донишҷӯёни ДОМ, ки таҷрибаи зиёда аз даҳ солаи корӣ дар  компусҳои ҷаҳониро дорад.
 
Таҷриба ва дастовардҳои гуногуни донишҷӯён аз саросари минтақа ба ҷомеаи кампуси ДОМ таҳким мебахшад. Ҳаёти донишҷӯён дар хобгоҳ  барои дарк намудан ва эҳтироми ҳуқуқи инфиродӣ мусоидат намуда, аҳамияти ҷомеа ва барои мубодилаи озоди афкор мусоидат мекунад. Ҳар як компус мутобиқи Кодекси Байналмилалӣ  Сохтмон (IBC) тарҳрезӣ шуда, ба толибилмони маъюб  низ шароити пурра барои дастрасӣ ба тамоми воситаҳои таълимиро таъмин менамояд.
 
Донишҷӯёни мо аз маълумоти сатҳи ҷаҳонӣ дар иншоотҳои тарҳи нав манфиат хоҳанд бардошт, ки онҷо кормандони факулта низ дар компус зиндагӣ карда, дар гурӯҳҳои хурд таълим медиҳанд ва ба донишҷӯён машғулиятҳои фардӣ мегузаронанд. Вале, стандарти байналмилалии таҳсилот аз донишҷӯён масъулияти ҳаматарафаро талаб мекунад. Ҳаёт дар кампуси ДОМ,  тавре ба роҳ монда шудааст, ки ба ин талаботҳо ҷавобгӯ бошад. Донишҷӯён дар маҳфилҳои шиносшавӣ иштирок намуда ва аз семинарҳои омӯзишии доимӣ манфиат мегиранд ва барои худ стратегияҳои заруриро кашф хоҳанд кард, ки барои барои идоракунии ҳиссиёт (стресс) ва ба нақшагирии фаъолиятҳои ҳаррӯза фоида хоҳад дошт. МД ва  мушовирони таълимгирифта, ба донишҷӯён барои иҷрои барномаи дарсии ниҳоят ҷиддӣ ва таҳияи барномаи омӯзишӣ, бо дарназардошти касби оянда кӯмак хоҳанд расонд.
 
ДОМ мехоҳад, ки донишҷӯён аз тамоми ҷанбаҳои таҷрибаи донишгоҳ баҳра гиранд. Ҳар як шаҳраки ДОМ, дорои клубҳои саломатӣ, толорҳои варзишӣ, майдони футбол  ва теннис буда, МД мусобиқа ва чорабиниҳои  варзиширо  ташкил мекунад. Хобгоҳҳои бехавфи дорои утоқҳои умумӣ, утоқҳои бозӣ ва ҷои истироҳат мебошанд, ки донишҷӯён метавонанд якҷоя таҳсил ё сӯҳбат намуда, чорабиниҳои гуногунро гузаронанд. Дар як ҳуҷраи модулӣ,  ду донишҷӯ зиндагонӣ мекунанд, ки намуди он вобаста ба хоҳиши онҳо  метавонад бо тарзҳои гуногун тайғир дода шавад. 
 
 “Ҳуҷраҳои модулӣ ба донишҷӯён имконияти  танҳо будан ва масоҳати калони барои нигаҳдории асбобу анҷомро пешниҳод мекунад” қайд намуд Кравс "Онҳо яке аз қулайтарин  ва беҳтарин  ҳуҷраҳои донишгоҳ  мебошанд, ки ман дидаам."
 
Донишгоххои беҳтарини дунё таҷрибаи пурраи истиқоматӣ пешниҳод мекунанд, ки омӯзиш бо оғози рӯз шурӯъ шуда, лаҳзаи ба хоб рафтан ба анҷом мерасад. Донишҷӯёни ДОМ ба ташкилотҳои  назди компуси ва маҳфилҳои илмӣ-иҷтимоӣ иштирок намуда, алоқаи якумрӣ пайдо хоҳанд кард.
 
Барои маълумот бештар оид ба дохил шудан ба ДОМ ба сомонаи: www.ucentralasia.org/admissions, ё почтаи электронӣ admissions@ucentralasia.org, ё занг задан ба: +996 770 822 901 (Ҷумҳурии Қирғизистон) +992 93 999 99 64 (Tоҷикистон) +7 777 822 3948 (Қазоқистон) тамос гиред.