Истироҳатгоҳи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, фаъолияти соли дуюмро оғоз мекунад, тайёрии хонандагони боистеъдод барои таҳсилот дар Донишгоҳи сатҳи ҷаҳонӣ

Бо дарназардошти бомуваффақият  кушода шудани истироҳатгоҳ, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, маъракаи қабули хонандагони синфи даҳумро дар Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Қазоқистон, барои иштирок дар Истироҳатгоҳи инноватсиони тобистонаи ДОМ оғоз мекунад.
 
Истироҳатгоҳи шабонарӯзии се ҳафтаина, аз 20 июл то 9 августи соли 2016 дар меҳмонхонаи Бич Ройал, воқеъ  дар  мавзеи Иссиқкӯли Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегардад.
 
 
Алҳол, дар дувумин соли фаъолияти худ, Истироҳотгоҳи тобистона, барномаи мукаммалгардони  бо таъмини манзилгоҳ , ба хонандагони боистеъдоди Осиёи Марказӣ, имконоти такмили забони англисӣ ва малакаҳои математикӣ, раҳнамоӣ ва дастгирӣ дар раванди довталабӣ ба Донишгоҳро пешниҳод мекунад. Соли гузашта ҳафтоду шаш нафар хонандагони мактабҳои миёна, ки аз байни 850 нафар довталабон интихоб шуданд,ба  истироҳатгоҳ даъват  карда шуданд.
 
«Дар анҷоми барномаи соли гузашта, мо шоҳиди он будем, ки хонандагон аз кишварҳо,ҷамоатоҳо ва мактабҳои гуногун,на танҳо дониши худро аз фанни забони англисӣ ва риёзӣ беҳтар карданд, балки як ҷомеаи омӯзиши кооперативӣ ва сазовори эҳтиромро эҷод намуданд:" гуфт Доктур Ариф Качра, декани Мактаби Санъат ва Улум. “ Дар ҳоле, ки ДОМ барои истиқболи аввалин гурӯҳи толибилмон ба кампуси Норин тайёрӣ мебинад, мо хоҳони дидани таъсири ҳаматарафаи таҷрибаи омӯзиш дар манзилгоҳ, барои омода намудани хонандагон, барои фатҳи қуллаҳои  баланди илмӣ ҳастем».
Истироҳатгоҳи тобистона, яке аз бахшҳои  асосии ДОМ, барои  тайёр  намудани донишҷӯёни Осиёи Марказӣ, ҷавобгӯ ба талаботҳои стандарти байналмилалии  таҳсилоти донишгоҳҳо мебошад.
 
Барномаҳои Истироҳатгоҳи  тобистона, аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ дар заминаи эҳтиёҷотҳои хонандагони Осиёи Марказӣ, таҳия  ва мутобиқ кунонида шудааст. Омӯзгорон бо забони модариашон  ва бо таҷрибаи тадриси забони англисӣ ҳамчун забони дуюм (ESL),  ва устодон бо  маҳорати баланди таълимӣ дар Осиёи Марказӣ, аз фанни риёзӣ таълим медиҳанд.
 
Истироҳатгоҳи тобистона, таносуби як бар чори кормандон ва хонандагонро  барои  андӯхтани таҷрибаи бештар ба роҳ мондааст.  Бо илова ба омӯзиши интенсивии забони англисӣ ва математика, ба хонандагон ҷаласаҳои махсуси дастурдиҳӣ, чи тавр хонандагон барои дохил шудан ба донишгоҳ тайёрӣ бинанд, ба имтиҳонҳо омода шаванд,тайёрӣ оид ба мусоҳиба (интервю) ва иншонависӣ (эссе), ва интихоби барномаҳое, ки барои касби ояндаи онҳо муҳиманд, маълумот мегиранд. Дар охир, хонандагон санҷиши на чандон мушкил, ҳамчун намунаи имтиҳони байналмилалиро месупоранд.
 
 
Барнома, таҳсилотро  бо имкониятҳои шавқовари омӯзишӣ, берун аз синфхона бо ҳам меоварад.  Як рӯзи маъмулӣ, ду соат дарси забони англисӣ  ва риёзӣ дар гурӯҳои хурд, чорабиниҳои варзишӣ ва як ҷаласаи шомгоҳонаи такмилдиҳиро дар бар мегирад. Фаъолиятҳои шомгоҳӣ, баҳсу мунозира, Модели тарҳсозии СММ,  гузаронидани таҷрибаҳои илмӣ ва омӯзиши мафҳумҳои математикӣ,  тамошои филмҳо бо забони англисӣ, ва дигар фаъолиятҳоро дар бар мегирад. 
 
Барои  қабул шудан ба Истироҳатгоҳи тобистонаи ДОМ, хонандагон як имтиҳони кӯтоҳи дохилшавӣ аз забони англисӣ, риёзӣ ва мантиқ месупоранд.Тестсупорӣ дар марказҳои таъйиншуда тестӣ дар ҳамаи се кишвар  дар санаи 21-22 майи соли 2016 гузаронида мешавад. Хонандагоне, ки то 17 май ба истироҳатгоҳи ДОМ ҳуҷҷат месупоранд, баъди супурдани тест соҳиби тӯҳфаи хос мегарданд. Маълумоти муфассал дар:  http://bit.ly/UCAcamp16. Хонандагон  бояд нусхаи аз тарафи мақомоти давлатӣ дода, бо акс, ё акси хонанда бо (ID) шаҳодатномаи таваллуд пешниҳод намоянд. Ба хонандагоне, ки ба Истироҳатгоҳи ДОМ ба қайд гирифта шудаанд, пас аз анҷоми тест,тӯҳфа   дода мешавад. 
 
Барои маълумоти бештар, ба хонандагон  тавсия дода мешавад, ки дар  ҷаласаҳои маълумотдиҳӣ дар ҷомеаи худ иштирок кунанд  ва  дар рӯйхати почтаҳои ДОМ: http://bit.ly/ucacampform  худро ба қайд гиранд.

ҶУМҲУРИИ  ҚИРҒИЗИСТОН
 
• УШ: 20 Aпрели соли 2016, 17:00-18:30
Мактаби Оғохон
ш.Уш,кӯчаи Курманҷан Датка 93, 
 
• БИШКЕК: 19 Апрели соли 2016, 17:00-18:30
Донишгоҳи Осиёи Миёна, Идораи марказии маъмурӣ
Бишкек, кӯчаи Тохтогул 
720001, Ҷумҳурии Қирғизистон
 
• НОРИН: 25 Aпрели соли2016: 16:00-17:30
Норин.Мактаби Маълумоти Касбӣ ва Давомдор (ММКД)
Норин, кӯчаи Сейтаали Ҷакуров19
722900, Ҷумҳурии Қирғизистон
 
TОҶИКИСТОН
 
• ҚУРҒОН-ТЕППА, 22 Aпрели соли 2016, 14:00-15:30
Қурғон-теппа. Гушаи  Амрикоӣ
Кӯчаи Дӯстии Халқҳо, Қурғон-теппа
Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
• ДУШАНБЕ, 23 Aпрели соли 2016, 16:00-17:30
Душанбе ММКД
Душанбе, Хиёбони Дустии халқҳо, 47
734013, Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
• ХУҶАНД 25 Апрели соли 2016, 16:00-17:30
Хуҷанд,Гушаи амрикои
Китобхонаи Давлатии Асирӣ
Хуҷанд, кӯчаи Ленин 1, 
Ҷумҳурии Тоҷикистон

• КУЛОБ, 26 Aпрели 2016, 13:00-13:45
Кулоб, “Гушаи Амрикои” 
Кулоб Филиали Донишгоҳи Технологӣ
Кӯчаи Борбад, Микрорайони 9, Кулоб 
Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
ҚАЗОҚИСТОН
 
• TEKEЛИ: 21 Aпрели соли 2016, 16:00-17:30
Текели ММКД,Текели, кӯчаи Гагарин 13.
041700, Ҷумҳурии Қазоқистон
 
• *ШИМКЕНТ: 26 Апрели 2016, 16:00-16:45
Вилояти қазоқистони Ҷанубӣ Китобхонаи вилоятии Қазоқистон ( Гӯшаи Америкоӣ), Шимкент, кӯчаи Қозибек13, Ҷумҳурии Қазоқистон