Чаро дар Истироҳатгоҳи тобистонаи Донишгоҳи Осиёи Mарказӣ, бояд иштирок кард?

Date: 09 May 2016
Аз 20 июл то 9 августи тобистони соли ҷорӣ, Донишгоҳи Осиёи  Марказӣ, бори дуюм, хонандагони синфи даҳумро, аз Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Қазоқистон  ба  Истироҳатгоҳи тобистонаи солонаи худ, дар Фароғатгоҳи Ройал Бич,  воқеъ дар соҳили кӯли Иссиқкӯли  Ҷумҳурии Қирғизистон, фаро мегирад.

Истироҳатгоҳ ба хонандагон,  таълими дақиқи илмӣ ва амалӣ, тавассути чорабиниҳои  иҷтимоӣ, корҳои якҷояи гуруҳӣ  ва таҷрибаи омӯзиши ҳаматарафаро пешниҳод мекунад, ки он барои пешрафт  ва рушди  инфиродии онҳо, мусоидат мекунад. Соли гузашта, 76 нафар хонандагон аз аз байни 850 нафар довталабон, интихоб шуданд.

Истироҳатгоҳи тобистона, чиро пешниҳод мекунад?

Дар Истироҳатгоҳ, хонандагон малакаҳои зарурии ба нақшагири  таҳсилоти  академӣ ояндаро, такмил медиҳанд. Онҳо маҳорату малакаҳои зарурии  забони англисӣ ва риёзии худро  дар муҳити  ҳаматарафа фароҳам овардаи забони англисӣ баланд бардошта, дар анҷом  барои  имтиҳони дараҷаи байналмилалӣ, омода мешаванд.

 Бо таносуби як ба чори байни кормандон ва хонандагон ва таҳсил дар гурӯҳҳои хурд, ба онҳо диққати   фардӣ дода мешавад. Новобаста аз он, ки сатҳи дониши хонандагон аз забони англисӣ баланд бошад, ё бо фанни риёзӣ сару кор дошта бошанд, кормандони  ДОМ  ҳозир ҳастанд, ки ба онҳо кӯмак расонанд, ё ба хонандагони пешрафта супоришҳои иловагӣ супоранд ва ба хонандагони ниёзманд, дарсҳои иловагӣ гузаронанд. Омӯзгорон, донандагони забони англисӣ, ҳамчун мутахассисони таълими забони англисӣ  ҳамчун забони  дуюм (ESL), шароити ҳаматарафаи забономӯзиро дар Истироҳатгоҳ фароҳам меоваранд. 
Дар Истироҳатгоҳ, хонанда дар ҳақиқат, дар маркази диққат аст. Бо омода кардани хонандагон ба имтиҳонҳо ва  донишгоҳ,  барномаи се ҳафтаина, дар асоси дастовардҳо, ба хонандагон имконият медиҳад, ки ояндаи худро тасаввур намоянд  ва барои амалӣ шудани он тадбирҳои зарурӣ, андешанд. Тавассути маҳфилҳои  интерактивӣ, барои роҳнамоии раванди ҳуҷҷатсупорӣ ба донишгоҳ, интихоби дурусти донишгоҳ, муайян намудани соҳаҳои дахлдори таҳсил, хонандагон  бо заминаҳои гуногун ба гузоштани қадамҳои  аввалин барои касби оянда, оғоз мекунанд. Ин раванд барои онҳо хело шавковар хоҳад буд. Хонандагон аз  кишварҳои гуногун, дар як манзили умумӣ якҷоя зиндагӣ карда, муносибатҳои  дӯстӣ пайдо мекунанд ва бо дигар хонандагон  ва кормандон шинос мешаванд. Саёҳат ба марказҳои  фарҳангӣ, баҳсҳои шомгоҳӣ, чорабиниҳои варзишӣ, таҳқиқи проблемаҳои илмӣ ва риёзӣ, лоиҳаҳои фарҳангӣ, ба хонандагон  имконият медиҳад, ки аз  якдигар омӯзанд  ва  аз ҳаёти донишгоҳ дар шаҳраки истиқоматӣ, лаззат баранд.

 Таҷрибаи  Истироҳатгоҳи  тобистонаи  ДОМ,  ба хонандагон дар раванди  қабул   ба донишгоҳ, бартарят медиҳад. Баъд аз гирифтани зиёда аз 42 соати таълимӣ  аз забони англисӣ  ва 24 соат аз фанни риёзӣ ва  иштирок дар  муҳити  басо мусоид  барои  омӯзиши забони англисӣ,  иштироккунандагони  Истироҳатгоҳро бо талаботҳои академии донишгоҳ дар раванди қабул, ва таҷрибаи ҳаётӣ оид ба зиндагонӣ бо дигар хонандагон, тайёр мекунад.

 Қабул ба Истироҳатгоҳи тобистонаи ДОМ, дар асоси дастовардҳо  сурат мегирад.  Арзиш барои  ҳар як хонанда  $ 1300 доллари амрикоӣ мебошад, ки хонанда аз он танҳо  $300 доллари амрикоиро пардохт мекунад, ба хонандагони ниёзманд, низ кӯмаки молиявӣ расонида мешавад.

Барои қабул шудан ба Истироҳатгоҳи тобистонаи ДОМ, хонандагон бояд имтиҳони кутоҳ аз забони англисӣ, риёзӣ ва  мантиқ супоранд.  Хонандагоне, ки то  17 май ба қайд гирифта шудаанд, пас аз анҷом, соҳиби тӯҳфаи махсус мегарданд.Маъракаи имтиҳони қабул, 21-22 майи соли 2016, дар ҳамаи марказҳои тестӣ, дар ҳар се кишвар, баргузор мегардад: http://bit.ly/UCAcamp16. Хонандагон,  бояд нусхаи Шиноснома ё корти ID хонанда ва ё шаҳодатномаи таваллудро бо худ дошта бошанд.