Дувумин пазироӣ Истироҳатгоҳи тобистонаи ДОМ аз хонандагони синфи даҳӯми минтақа

Date: 31 July 2016
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ), беҳтарин хонандагони синфи даҳӯмро аз  Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Қазоқистон, дар Истироҳатгоҳи тобистонаи 2016-худ, аз 21 июл дар Фароғатгоҳи Ройал  Бич,  дар вилояти Иссиқкӯли Ҷумҳурии Қирғизистон пазироӣ менамояд.

Истироҳатгоҳи   тобистонаи ДОМ,  хонандагонро ба таҷрибаомӯзии   бебаҳои такмили дониш  ба ҳам меоварад, ки онҳо маҳорати забони англисӣ ва  риёзии худро баланд бардошта, барои дохил шудан  ба донишгоҳҳои маҳаллӣ ва  байналмилалӣ кӯмакҳои ҳаётан зарурӣ мегиранд.

Ҷаноби Орумов Ҷенишбек Букараевич, ҳамоҳангсози минтақавии Раёсати  таҳсилоти олии  вилояти Иссиқкӯл; Доктор Душон Шаматов, ёвари  профессори Мактаби Олии Маорифи  Донишгоҳи Назарбоев ва Доктор Ариф Качра, декани факултаи гуманитарӣ ва илмҳои дақиқи  ДОМ, хонандагон, мушовирони  ва ҳайати факултаи  барномаи  имсоларо  истиқбол  менамоянд.

“Маъмурияти  вилояти Иссиқкӯл, толибилмони  Осиёи Марказӣ ва ҳайати дастаи байналмилалиро  истиқбол мекунад. Мо Шуморо истиқбол намуда,  аз дидани   таҳкими ҳамкории минтақавӣ  ҷавонон хело хурсандем. Ин барномаи беҳамто, барои фаъолияти  якҷояи самаранок   ва пешравӣ   дар таҳсилоти  наслҳои оянда   мусоидат  мекунад”, гуфт:  Орумов .

Раванди қабули  ҷиддӣ  дар асоси дастовардҳо, ки дар моҳи маи соли 2016 оғоз гардид, нишон дод, ки аз  600 нафар довталабон танҳо 80 нафар хонандагони синфи 10  бо натиҷаҳои баландтарин,  дар Истироҳатгоҳи имсола  иштирок хоҳанд кард.
 
Бо бозгашт ба соли дуюми барномаи пай дар пай, Истироҳатгоҳи тобистонаи ДОМ -2016, хонандагони боистеъдодро  аз ҳар  се кишвари муассис, ба  як барномаи таълимии беҳамто бо таъмини истиқоматгоҳ, бо ҳам мепайвандад. Ифтитоҳи компуси аввалини Норин, ки дар моҳи  сентябр ба нақша гирифта шудааст, ба ин хонандагон имконоти дарк намудан, ки    ДОМ чӣ гуна  хоҳад буд,  фароҳам меоварад” қайд намуд: "Доктор Aрифф Качра, Декани факултаи  гуманитарӣ  ва илмҳои дақиқ.

Истироҳатгоҳ то  9 августи соли 2016, идома хоҳад ёфт. Машғулиятҳои ДОМ,  тибқи ҷадвали саҳеҳ ба роҳ монда шудаанд, ки он машғулиятҳо ва имкониятҳои омӯзиширо  фароҳам меоварад. Иштирокчиён ҳаррӯза се соат  вақти худро барои омӯзиши забони англисӣ ва як  соат барои фанни риёзӣ сарф мекунанд.
Онҳо ҳамчунин дар семинарҳо иштирок намуда,  бо  истифодаи донишҳои андӯхта,  барои дохил шудан ба донишгоҳ  бо маводҳо  таъмин карда мешаванд, ба монанди  чӣ гуна ба донишгоҳ дохил шаванд; интихоби барномаи омӯзишӣ дар асоси заруриятиҳои  касбӣ; ва омодагӣ ба талаботиҳои дохилшавӣ ба донишгоҳ. 

Дигар фаъолиятҳо, аз ҷумла варзиш, драма, баҳсу мунозира ва саёҳат, ба иштирокчиён имкониятҳои бештар, барои такмили  маҳорати забони англисӣ ва мубодилаи  пешомадҳои бепоён бо дигар иштирокчиёни истироҳатгоҳро  дар бар мегиранд.  Иштирокчиёни имсола, инчунин имконияти  мусоид, барои  боздиди кампуси аввалини ДОМ-и  Норинро,  ки  ифтитоҳи расмии он дар моҳи сентябри соли 2016 баргузор мегардад, доранд.

Эрик Краусс, Менеҷери оид ба корҳои донишҷӯён, сарвари  дастаи  Истироҳатгоҳи тобистонаи  2016 буда, дорои таҷрибаи кории зиёда аз 25 сола дар соҳаи маориф дар Амрикои Шимолӣ, Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар ДОМ мебошад.  Директори  Истироҳатгоҳ, Фарраҳ Камани аз Конадо,бо таҷрибаи назаррас  оид ба кор дар лагерҳои ҷавонон, ва баъд аз кор кардан ба сифати муовини Директори Истироҳатгоҳи  тобистонаи ДОМ дар соли 2015, соли дуюм аст, ки ба истироҳатгоҳ бармегардад.

Краусс ва Камани,  ба як дастаи бистнафараи гуногунмиллат ва таълимгирифта,  маъмурони ботаҷриба, муаллимон ва мушовирони истироҳатгоҳро роҳбарӣ мекунанд. Таносуби кормандон-донишҷӯ, як бар  ҳашт  буда,  барои ҳамкорӣ муаллимон   бо мушовирони истироҳатгоҳ,  ҳангоми гузаронидани машғулиятҳо  ва  таъмини имкониятҳои беҳтари донишомӯзии иштирокчиён, мусоидат  мекунанд.

Истироҳатгоҳи имсола, инчунин ҳайати   факултаи  омодасозӣ ва навоваронаи    ДОМ-ро,  аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Колумбия, Филиппин ва Олмон бо ҳам  меоварад. Ҳашт нафар  кормандони   факулта,  пас аз анҷоми  барномаҳои мушаххаси таълимӣ-  педагогӣ   ва барномарезӣ  аз  тарафи ҳамкорони  ДОМ, аз  Коллеҷи Сенекаи Конадо  ба наздикӣ  баргаштанд.

Барои тафсилоти бештар ба сомонаи зер муроҷиат кунед: http://www.ucentralasia.org/Academics/SummerCamp2016