ДОМ ва IFPRI, фаъолияти Tajikistan Spatial – Aтласи Интерактиви Интернетии оид ба амнияти озуқаворӣ ва рушдро оғоз менамоянд

Date: 20 September 2016
Other languages: English | Русский язык |
Донишкадаи сиёсати давлатӣ ва идоракунии назди Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ IPPA)  ва Пажӯҳишгоҳи байналмилалии оид ба сиёсати озуқаворӣ (IFPRI), барномаи  Таjikistan Spatial-  платформаи  нави интернетӣ,  барои кӯмак  ба сиёсатгузорон барои ноил шудан ба ҳадафҳои басо  осебпазири амнияти озуқавории минтақаҳои мамлакат оғоз намуд. Платформа дар ҳамкорӣ бо Кумитаи рушди маҳаллӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъсис дода шуд. Кумита истифодаи платформаи интернетиро  байни сиёсатмадорон ва муҳаққиқон дар Тоҷикистон ба роҳ мемонад.

Таjikistan Spartial – ин воситаи интерактивӣ нишондиҳанда ва платформаи маълумот, барои такмили  тадқиқот ва қабули қарорҳо дар заминаи   далелҳои илман асоснокшуда,  дар соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқавории мебошад. Платформа дар асоси технологияи Arab  Spatial  (http://arabspatial.org/)  ва Kyrgyzstan Spatial  тартиб дода шуда,  ташаббуси  IFPRI (Пажуҳишгоҳи тадқиқоти байналмилалии сиёсати озуқаворӣ), ки он маълумот дар соҳаи кишоварзӣ аз кишварҳои  Ховари  Миёна   ва Қирғизистон, бо кӯмаки  Фонди  Байналмилалии  Рушди  Кишоварзӣ  (IFAD)   ва   Вазорати Молияи Федератсияи Русия  ва  Гурӯҳи машваратӣ оид ба  тадқиқоти  байналмилали кишоварзӣ (CGIAR),  Cиёсат, Муассисаҳо ва Барномаи  Бозорро   амалӣ менамояд. Tajikistan Spatial   дар сомонаи  интернетии www.tajikistanspatial.org дастрас аст.

«Ифтитоҳи Тajikistan Spatial  барои ҷомеаи тадқиқотӣ ва сҳхторҳои идоракунии давлатӣ дар кишвар хело муҳим аст. Мо умедворем, ки платформа, ҳамоҳангсозии тадбирҳо оид ба масоили рушди итимоию иқтисодии кишварҳо, аз ҷумла, барои таҳкими амнияти озуқаворӣ ва кишоварзӣ, байни ҳамаи тарафҳои кишварҳои манфиатдор, мусоидат мекунад,” гуфт: Тоҷиддин Ҷуразода, Муовини  Раиси Кумитаи рушди маҳаллӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. "Tajikistan Spatial, ҳамчун платформа барои муҳокимаи ташаббусҳо дар заминаи илмӣ ва барои ҳадафҳои нисбатан  васеътари рушди ин кишварҳо хизмат мекунанд. Бинобар ин, моро барои густариш ва такмили ин восита водор мекунад».

" Таjikistan Spartial -  воситаи тасвири  амалӣ  мебошад, ки дастрасӣ  ба  маълумотҳои санҷидашуда аз захираҳои расмиро ба тарзи осон,  таъмин менамояд. Чунин платформа ба  сиёсатмадорон ва кормандон, ки ба таҳлил, арзёбӣ, пешбинӣ ва вокуниш ба эҳтиёҷоти кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ, дар кишвар сару кор доранд, кӯмаки  зарурӣ мерасонад” шарҳ  дод Доктор Роман Могилёвский, Муовини Директори  IPPA .

Бо таъмини маълумот оид ба  зиёда аз 100 нишондиҳандаҳо, аз ҷумла иқлим, омилҳои биофизикӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодӣ, Tajikistan Spatial ба   истифодабарандагон, имкони дарёфти тасвирии  минтақаҳои аз ҳама осебпазир  ва ноамнии озуқаворӣ ва ба роҳ мондани сиёсат ва  тадқиқот, ба он самтҳое, ки  бештар ниёз доранд,  кӯмак мерасонад.  Восита метавонад, дар доираи он ҳар гуна   миқдор қабатҳои картогафӣ дар ҳудуди кишвар ва ё минтақаҳо, дар шакли  пиксел ҷой дода диҳад ва  нишондиҳандаҳоро дар вақти зарурӣ   нишон диҳад,  харита  ва графикҳоро, дастрас ва чоп намояд.

Платформа,  технологияи инноватсионӣ  ва консепсияи харитасозиро  бо истифода аз маълумотҳо аз доираи васеи манбаъҳо, аз ҷумла, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки ҷаҳонӣ, Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO), Таҳқиқоти хонаводаҳо ба монанди Таҳқиқоти нишондиҳандаҳои  зиёди  манбаъҳо ва  Тадқиқоти  демографи ва тандурустиро дар бар мегирад.

«Рушди иқтисодӣ барои дастрасӣ ба  амнияти  озуқаворӣ ва хурока, махсусан барои кўдакони хурдсол ва занон нақши муҳиме мебозад, гуфт:" Доктор Комилҷон Акрамов, корманди тадқиқоти IFRPI ва Роҳбари  IFRPI дар  Осиёи Марказӣ. «Амнияти озуқаворӣ ва хўрока, дар навбати худ, ба ҳосилнокии меҳнат таъсир расонида,  ба рушди иқтисодии халқҳо мусоидат мекунанд. Тоҷикистон Spatial  ин алоқамандиро дар  сатҳи давлатӣ, минтақавӣ, маҳаллӣ ва хонаводаҳои алоҳида, қайд мекунад. Умедворем, ки ин  восита барои гузаронидани тадқиқот  мусоидат намуда, барои  таҳлили сиёсат ва қабули қарорҳо дар асоси далелҳои пурра,  на танҳо дар сатҳи давлатӣ, балки минтақавӣ низ кӯмак мерасонад ».

Tajikistan Spatial   барои аҳолӣ дар Интернет, дар ҳар ду  забони англисӣ ва русӣ дастрас аст.  Ин платформаи динамикӣ, ба таври доимӣ  пурра ва васеъ мегардад, ва пешниҳоди маълумотҳои навро аз ҷониби ҳамкорон ва ҷонибҳои манфиатдорро ба хушнуди  қабул намуда, барои такмили  мунтазами восита, барои ба роҳ мондани  сиёсати мувофиқ ва  чорабиниҳо  дар саросари Тоҷикистон, мусоидат мекунад. 

IFPRI  бо ДОМ дар доираи барномаи  Донишкадаи Тадқиқоти Осиёи Марказӣ ва Барномаи  рушди имкониятҳо ҳамкорӣ мекунад. Дар доираи ин ҳамкорӣ, ДОМ ба ҷамъоварӣ, коркард ва  ворид намудани маълумот, барои таҳия ва дастгирии мӯҳтавои саҳифа кӯмак мерасонад.  Дастаи IFPRI,  бо  кормандони ДОМ омӯзиш гузаронида аз таҷрибаи худ оид ба таъсис додани Kyrgyzstan Spatial, нақл карданд. Онҳо ҳамчунин, барои таъмини  маълумоти баландсифат, ёрии техникӣ мерасонанд.

Tajikistan Spatial,  лоиҳаи  муштараки IFPRI  ва ДОМ, аз ҷониби Барномаҳои Тадқиқотӣ CGIAR  оид ба Сиёсат,  Муасисаҳо, Бозорҳо ва Кишоварзӣ барои Хурока ва Тандурустӣ, Вазорати молияи Федератсияи Русия ва IFAD дастгирӣ карда мешавад.