Мактаби Маълумоти Касбӣ ва Давомдори ДОМ 10-солагиашро бо баргузории Конфронси Байналмилалӣ дар Душанбе ҷашн гирифт

Date: 14 December 2016
Other languages: English | Русский язык |
Мактаби Маълумоти Касбӣ ва Давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ММКД-и ДОМ) конфронси байналмилалиро оиди Таҳсилоти Давомдор барои Рушди Босуботи Ҷомеаҳои Кӯҳистон дар таърихи 24-уми ноябри соли 2016 дар Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе баргузор кард. 

Дар конфронс ҷаноби Акбар Алӣ Песнанӣ-намояндаи дипломатии Шабакаи Оғохон оид ба Рушд (AKDN), Доктор Богдан Кравченко-Директори Кулли ДОМ, хонум Гулнара Ҷунушалиева-Директори ММКД, хонум Патрисиа Боврон-Директори Иҷроии Рушди Байналмилалӣ ва Минтақавӣ аз Коллеҷи Рокиз, Дамира Омуралиева-Ректори Донишгоҳи давлатии Нарин, кормандони ММКД аз ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон ҳамроҳ бо коршиносони миллӣ ва байналмилалӣ, намояндагони донишгоҳҳои минтақа, сарварони мактабҳои касбӣ-техникии маҳаллӣ, марказҳо ва коллеҷҳои омӯзиши калонсолон, намояндагони институтҳои мушовирӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд. 
Ҷаноби Акбар Песнанӣ-намояндаи дирломатии AKDN дар Тоҷикистон конфронсро ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд намуд: “AKDN ба кори ММКД дар такмили маҳорати касбӣ ва рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар минтақа арҷ мегузорад. Барномаҳои ММКД ба натиҷаҳои хуб ноил гардидаанд ва мо мунтазири комёбии давомдор ва тақвияти зарфияти бузурги ДОМ хоҳем буд”. 

Конфронс масъалаҳои таҳсилот ҳамчун омили рушди фардӣ ва касбиро баррасӣ карда, ҳамзамон таҷрибаҳо ва имкониятҳои миллӣ ва байналмилалиро барои амалисозии “омӯзиши мудомулумр” дар фазои тағйирёбандаи иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва иқтисодии Осиёи Марказӣ мавриди муҳокима қарор дод. Дар байни иштирокчиён инчунин форуми муҳокимаи масъалаи мусоидат ба ташкили шабакаи муассисаҳо ва донишгоҳҳои бозомӯзӣ, марказҳои омӯзиш ва тадқиқоти таҳсилоти давомдор сурат гирифт. 

Маҷлиси умумӣ ба дарназаргирии падидаҳо ва диди нав дар соҳаи омӯзиши калонсолон аз таҷрибаҳои ҷаҳонӣ ва вусъатбахшии ҳамкорӣ байни муаллимон, тадқиқотчиён ва системаи маориф дар соҳаи бозомӯзии касбӣ-техникӣ ва таҳсилоти давомдор тамаркуз кард. 

“Муносиб аст, ки ММКД 10-солагии худро бо конфронсе, ки нақши таҳсилоти давомдорро дар раванди рушд арзёбӣ мекунад, таҷлил менамояд. Ин ба мо кӯмак мекунад, то роҳеро, ки тай кардаем, бознигарӣ намоем ва барои рушди оянда фикрҳои навро тавлид намоем”, гуфт Доктор Богдан Кравченко-Директори Кулли ДОМ. 

ММКД-и ДОМ соли 2006 дар шаҳри Хоруғ ва Маркази Омӯзишии он соли 2008 дар Душанбе таъсис ёфт. Имрӯз ММКД зиёда аз 30, 000 муҳассилинро дар Хоруғ ва 19, 000-и дигарро дар Душанбе фаро гирифтаст. Тавассути шарикӣ бо Фонди Оғохон ва оҷонсиҳои давлатӣ ММКД-и ДОМ курсҳои омӯзиширо дар Афғонистон аз тариқи се маркази омӯзишии моҳвораӣ дар вулусволиҳои Шуғнон, Дарвоз ва Ишкошим ва бахши Таҳсилоти Давомдор дар Донишгоҳи Бадахшони шаҳри Файзобод пешкаш мекунад. ММКД инчунин системаи кафолати академикӣ ва сифатии худро дар марказҳои омӯзишии Хадамоти Оғохон оид ба Маориф дар Ишкошим ва Зебок муаррифӣ намуд. Дар маҷмӯъ, ММКД-и ДОМ 11, 000 муҳассилро дар Афғонистон фаро гирифтааст. 

ДОМ се кампуси дорои вусъат ва мақоми баробарро дар Нарини Ҷумҳурии Қирғизистон, Хоруғи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Текелии Ҷумҳурии Қазоқистон бунёд мекунад. Кампуси нахустини маскунӣ дар Нарини Ҷумҳурии Қирғизистон моҳи сентябри соли 2016 ифтитоҳ гардид. Кампуси Хоруғ дар назар аст соли 2017 кушода гардад ва интизор аст дар пайи он кампуси Текелӣ соли 2019 ифтитоҳ гардад.