Донишгоҳи Торонто ва Донишгоҳи Осиёи Миёна доир ба ҳамкориҳо дар самти таълим ва илм шартнома ба имзо расонданд

Date: 25 November 2016
Other languages: English | Русский язык |

Профессор Мерик С. Гертлер, президенти Донишгоҳи Торонто ва доктор Шамш Кассим-Лакха, Раиси Шурои парасторони Донишгоҳи Осиёи Миёна ҳангоми имзои меморандум доир ба ҳамкориҳо дар самти коркарди барномаҳои таълимӣ барои илмҳои компютерӣ барои донишҷӯёни бакалаври ДОМ
 Донишгоҳи  Торонто (ДТ) ва Донишгоҳи Осиёи  Миёна  (ДОМ)  доир  ба  ҳамкориҳо  дар  самтҳои  барномарезӣ, рушди  факултетҳо, тарбияи донишҷӯёну омӯзгорон, ҳамчунин гузарондани тадқиқотҳои  муштарак меморандум  ба  имзо  расонданд.Коркарди барномаи  таълимӣ доир  ба  омӯзиши  компютер барои донишҷӯёни ДОМ  аз  тарафи  кафедраи  илмҳои компютерии ДТ-  ташаббуси  аввалини  ДТ  мебошад, ки  мувофиқи Созишномаи  мазкур  дар  назар  дошта шудааст. Ин  барнома  дар  кампуси Нарини  Ҷумҳурии  Қирғизистон  амалӣ  мегардад.

«Барои  мо ҳамкориҳои  байналмилалӣ беш  аз  пеш  муҳиммиятро  касб  кардаанд. Зеро  мо  шаҳрвандонеро  омода месозем, ки  онҳо  бояд лидерони  асри  худ  гарданд.», - гуфт профессор Гетлер. « Ва барои  ҳамин  ҳам  Донишгоҳи Торонто  хеле  шод  аст, ки  неруи  мо  дар  ҳамкорӣ  бо  ДОМ барои  расидан  ба  ҳадафҳои  муштаракамон дучанд мегардад». 

Кафедраи  илмҳои  компютерии   ДТ   дар  самти  барномарезӣ  барои илмҳои  компютерӣ  шӯҳрати  ҷаҳонӣ  дорад. 


 Доктор  Қасим Лакха  зикр  намуд, ки  ин   созишнома  имкон  медиҳад, ки  барои  донишҷӯёни  ДОМ  барномаи  пешқадамтарини  таълимӣ  боназардошти  тадқиқотҳои  муштараки  оянда,  такмили  ихтисоси  омӯзгорон  ва   мубодилаи  донишҷӯён  тарҳрезӣ  карда  шавад. Вале итминони  комил  дорем, ки   ин ҳамкориҳо  ҳанӯз  ибтидои шарикиҳои  бузургтар  байни  ду  донишгоҳ  мебошанд. ДОМ аз  рӯи   чунин фанҳо, мисли илмҳои  компютерӣ, коммуникатсия ва  ВАО, иқтисод, илмҳои  заминшиносӣ  ва   муҳити  зист, муҳандисӣ- техникӣ, тиҷорат  ва идоракунӣ  такмили  ихтисосро  пешниҳод  менамояд.  Бо  хатми донишгоҳ  донишҷӯ  маълумоти  бакалаври  илм  ва ё санъат  мегирад.