Маросими хатми таҳсил ва тақдими шаҳодатномаҳо ба 370 нафар донишомӯзони Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори ДОМ дар Тоҷикистон

Date: 01 December 2016
Other languages: English | Русский язык |
Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ММКД ДОМ) дар моҳи ноябри соли 2016 маросими хатми таҳсили зиёда аз 370 нафар донишомӯзонро дар Марказҳои таълимии худ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хоруғ баргузор намуд. 

19 ноябри соли 2016, дар маросими хатми таҳсили ММКД дар шаҳри Хоруғ, Раиси Ҳукумати Вилояти Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) Шодихон Ҷамшед, доктор Карл Ҳайнтс Франк, директори созмони ҳамкории Олмон (GIZ), Арамбегим Маҳтобшозода, шаҳрдори навтаъини шаҳри Хоруғ ва доктор Богдан Кравченко, Директори генералии ДОМ ширкат варзиданд.  Ба хатмкунандагон дар ҳузури беш аз 250 нафар меҳмонон шаҳодатнома ва варақаи баҳоҳо тақдим карда шуд.


Сайфи Зубайр Муҳаммад Эса, донишомӯз аз Афғонистон, ҳангоми гирифтани шаҳодатномаи хатми барномаи забони англисӣ барои мақсадҳои академӣ аз доктор Богдан Кравченко, директори генералии ДОМ ва декани таҳсилоти баъди дипломӣ.


Раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед ҳамкории босуботи байни ДОМ ва мақомоти маҳаллиро дар рушди иҷтимоию иқтисодӣ таъкид намуда, иброз дошт: «Ман итминони комил дорам, ки хатмкунандагон, ҳамчун дорандагони дониш ва малака, дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишварҳои минтақа саҳм гузошта, маҳорату  малакаҳои худро дар саросари  кишвар паҳн хоҳанд кард."

Диловар Бутабеков, муовини директор, зимни суханронӣ  дастовардҳои ММКД-ро дар минтақа ва аз ҷумла дар шимоли Афғонистон баён намуда, қайд кард, ки чӣ тавр  аз ҳисоби хатмкунандагон соҳаи соҳибкорӣ рушд ёфта, барои шаҳрвандон ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуданд.

“Имрӯз мо  дастовардҳои беш аз 230 нафар шунавандагонро қадр мекунем. ММКД муассисаи басо беназир дар минтақа дар соҳаи рушд аст,  он такмили малака ва барномаҳои касбиро  дар шакли мусоиди таълимӣ ба роҳ мондааст, ки он омӯзиш дар тӯли тамоми ҳаётро шавқовар мегардонад», гуфт Богдан Кравченко.

Як ҳафта баъд, 26-ӯми ноябр, маросими хатми таҳсил дар Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар маросим Акбар Алӣ Песнани, намояндаи дипломатии Ташкилоти Оғохон оид ба рушд (AKDN) дар Тоҷикистон, сафирони давлатҳои Ҷопон, Фаронса ва Эрон дар Тоҷикистон, аъзоёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доктор Богдан Кравченко, директори генералии ДОМ иштирок намуданд.

Гулнара Ҷунушалиева, директори ММКД ДОМ қайд намуд, ки ҳамкории зичи ДОМ бо давлат ва шарикони корпоративӣ дар Тоҷикистон хело муҳим буд. Ӯ илова намуд, ки лоиҳаҳои байналмилалӣ барои соҳибкорон дар ВМКБ ва донишҷӯёни МТО дар шимоли Афғонистон ва инчунин кормандони бахши энергетика тавассути  кӯмаки молиявии Оҷонсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) сурат гирифт.

Робитаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Самти Рушди Бисёрҷабҳа  (ESCoMIAD), ки аз тарафи Ташкилоти  Оғохон оид ба Рушд ва шабакаҳои он амалӣ мешаванд, бо дастгирии саховатмандонаи мардуми Амрико  тавассути Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ва Бунёди Оғохон (БО) имконпазир гардидааст.

“Ҷопон боварӣ дорад, ки ҳамкории минтақавӣ барои рушд  ва суботи Осиёи Марказӣ хело муҳим аст ва он бояд як "катализатор" барои беҳтар намудани муносибат байни кишварҳои Осиёи Марказӣ бошад ва ДОМ низ чунин ҳадаф дорад”, гуфт ҷаноби Ҳаҷиме Китаока, Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон.

Дар Хоруғ 230 нафар ва дар шаҳри Душанбе 140 нафар донишомӯзон дар соҳаҳои банақшагирии бизнес, забони англисӣ, TOEFL, забонҳои русӣ ва чинӣ, барномаи омодагии баъдидипломӣ, маълумоти касбӣ - техникӣ ва барномаҳои такмили ихтисос бо шаҳодатномаҳо қадрдонӣ карда шуданд. Курсҳои ММКД донишомӯзони аз синни  16 то 65  соларо фаро мегиранд.

Песнани кормандони ММКД-ро табрику таҳният намуда,  иброз дошт:“Дар Конфронси ҷашни 10 солагии ММКД роҳбарият роҳҳои минбаъдаро дида баромада,  зарур будани маълумот ва ба талаботи ҷомеаи имрӯза ҷавобгӯ будани онро муҳокима намуд ва қайд намуд, ки таҳсилот  устувориро талаб мекунад. Ин ММКД-ро водор месозад то барномаҳои худро дар ҷомеа ба таври васеъ тавсиа бахшад. ”

ММКД ДОМ дар соли 2006 дар шаҳри Хоруғ таъсис дода шуда, Маркази таълимии он дар шаҳри Душанбе дар соли 2008 кушода шуд. То имрӯз ММКД зиёда аз 90 000 донишҷӯёнро дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла 49.000 нафарро дар Тоҷикистон ба таҳсил фаро гирифтааст. Тавассути ҳамкорӣ бо Бунёди Оғохон ва муассисаҳои ҳукуматии кишвар, ММКД ДОМ  дар Афғонистон дар се маркази таълимии сайёр дар Шуғнон, Дарвоз ва бахши маълумоти давомдор дар Донишгоҳи Бадахшон дар шаҳри Файзобод курсҳои омӯзиширо ба роҳ мондааст. Мактаб инчунин системаҳои кафолати таҳсилот ва сифати онро дар Марказҳои таълимии Хадамоти Маорифи Оғохон дар Ишкошим  ва Зебок ба роҳ мондааст. Дар маҷмӯъ, ММКД ДОМ 11,000 донишҷӯёнро дар Афғонистон, ба таҳсил фаро гирифтаст.


ДОМ сохтмони се шаҳраки ба андозаи баробарро дар шаҳрҳои Норини Ҷумҳурии Қирғизистон, Хоруғи Тоҷикистон ва Текелии Қазоқистон ба роҳ мондааст. Шаҳраки аввалини истиқоматӣ дар Норини Ҷумҳурии Қирғизистон дар моҳи сентябри соли 2016 кушода шуд.             

Шаҳраки донишҷӯёни Хоруғ тибқи нақша дар соли 2017 ва интизор меравад, ки шаҳраки донишҷӯёни Текелӣ дар соли 2019 кушода хоҳанд шуд.