Қиссаи бозии баскетбол дар Норин

Date: 09 June 2017
Дирӯз, 8 июни соли 2017, эҳсосот якбора авҷ гирифтанд, вақте ки дастаи баскетболбозони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва дастаи клуби  Норин адоватро давод доданд, аммо ҳамаи ин бо узрхоҳӣ аз ҳар ду ҷониб ба поён расид.


Намояндагони Дастаи Клуби Норин аз Донишгохи Осиёи Маркази узр мепурсанд

Рӯзи 27 май дар мусобиқаи баскетбол, ки дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ байни  дастаҳои ин Донишгоҳ ва дастаи клуби Норин иборат аз донишҷӯёни  Донишгоҳи давлатии Норин ва мактаби варзишии Норин  доир гардид, низои ҷисмонӣ даргирифт. Ин масъала аз ҷониби муаллимони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ  ва амният, ки дар бозӣ ҳузур доштанд,  ҳал шуд  ва гурӯҳҳо бе ягон ҳодисаи минбаъда майдонро тарк намуданд. 

Дирӯз, 8 июн, бархе аз донишҷӯёни Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, ки бо  супориши таълимӣ дар шаҳри Норин буданд, аз ҷониби якчанд бозингарони  дастаи клуби Норин шинохта шуда, суханони таҳқиромези онҳо боиси таҳдидҳои ҷисмонӣ гардиданд. Аъзоёни клуби Норин  фавран ҷавонони маҳаллиро барои кумак даъват намуда, дар як муддати кӯтоҳ издиҳоме аз 80 нафар шахсони воқеӣ ҷамъ шуд. Аксарияти онҳо танҳо дастгирӣ нишон дода, аз сабаби аслии ҳодиса воқиф набуданд. 

Барои ҳалли ин масъала  дар яке аз биноҳои берун аз Донишгоҳи Осиёи Марказӣ  вохӯрӣ пешниҳод гардид. Дар ин вохӯрӣ волии Норин, муовини раиси шаҳр ва декани факултаи санъат ва илмҳои табии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, дар якҷоягӣ бо баъзе аз сарварони ҷомеа суханронӣ намуданд. Волии Норин даъват намуд,  ки ба эҳсосот дода нашаванд ва ақли солимро аз даст надиҳанд, лекин  ин гуфтаҳоро ҷавонон ба эътибор нагирифтанд.

Баъд аз суханони таҳқиромез ва ба манфиати нигаҳдории сулҳ ва ахлоқу одоби инсонӣ, донишҷӯёни Донишгоҳи Осиёи Марказӣ - иштирокчиёни ҳодисае, ки дар вақти бозии баскетбол рух дода буд, узрхоҳӣ намуданд. 

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бо мақомотҳо, аз ҷумла бо Волии Норин ва раиси шаҳри Норин ҳамкорӣ намуда, талош дорад то ин масъала бо роҳи мусолиатомез ҳалли худро ёбад. Имрӯз бо ҳамроҳии Волии Норин ва мақомоти ҳукумат як ҳайати донишҷӯён, инчунин баъзе раҳбарони издиҳом, ки дирӯз ҷамъ шуда буданд, ба Донишгоҳи Осиёи Марказӣ воқеъ дар шаҳри Норин омада, аз  роҳбарияти Донишгоҳи Осиёи Марказӣ  барои ҳодисаи ногувор, ки дируз рух дода буд,  узр пурсиданд.

Волии Норин изҳори сипос ба Донишгоҳи Осиёи Марказӣ  намуда, ҷамъомадагонро барои робитаи дустӣ барпо кардан ҳидоят намуд. Мулоқот дар фазои оштии ҳар ду ҷониб поён ёфт.

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ  мехоҳад, ки дар ҳамкории зич бо мақомоти дахлдори давлатии Бишкек ва Норин тафтишоти сабабҳои ин ҳодиса омӯхта шуда, барои пешгирии чунин муноқишаҳо дар оянда чораҳо андешида шаванд.