Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ созишномаро имзо карданд

Date: 05 September 2018
Other languages: English | Русский язык |
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бо мақсади боло бурдани ҳамкории судманди дуҷониба Созишномаи ҳамкорӣ имзо карданд. Ҳадафи ин шартнома “омода  намудани мутахассисони соҳибкасб дорои таҳсилоти олӣ ва  дар бозори меҳнатии дохилӣ ва хориҷии рақобатпазир, ҷорӣ намудани усулҳои нави таълим, баланд бардоштани сифати таълим, ичунин ба роҳ мондани  фаъолияти таълимӣ дар Мактаби улуми гуманитарӣ, табиатшиносӣ  ва дақиқ  дар шаҳри Хоруғ” мебошад. 

Ин шартнома 4-уми сентябри соли 2018 аз ҷониби Вазири маориф ва илми Тоҷикистон, профессор Нуриддин Саид ва Шамш Қосим Лакха, раиси Шӯрои Парасторони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Дар маросими имзо кардани ин шартнома Исматулло Насриддин, муовини вазири корҳои хориҷӣ, доктор Суҳайл Нақвӣ, ректори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва намояндаҳои дигари аршади Вазорати корҳои хориҷӣ ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ иштирок доштанд. 


Ҳангоми имзои шартнома: Др. Шамш Қоссим Лакха (аз тарафи чап), раиси Шӯрои Парасторони Донишгоҳ, профессор Нуриддин Саид, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар қаттори ақиб аз чап ба рост: Музаффар Ҷорубов, мудири иҷроияи Донишгоҳ, Проф. Др. Суҳайл Нақвӣ, ректори Донишгоҳ, Исматулло Насриддин, муовини вазири корҳои хориҷӣ, Раҳматулло Мирбобоев, муовини аввали вазири маориф ва илми ҶумҳурииТоҷикистон, Др. Давлатқадам Хушқадамов, мудири равобит бо  ҳукумат ва ҷомеаи Донишгоҳ дар Тоҷикистон ва Илҳом Камолзода, сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ соли 2000-ум ҳамчун донишгоҳи дунявӣ, хусусӣ ва ғайритиҷоратӣ тавассути Шартномаи байналмилалӣ, ки аз ҷониби президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикисон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Волоҳазрат Оғохон ба имзо расидааст, таъсис ёфт. Ин шартнома аз ҷониби парлумонҳои ин кишварҳо ба тасвиб расида, дар Созмони Милали Мутаҳид ба қайд гирифта шудааст. 

“Мо итминон дорем, ки Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар омода намудани мутахассисони сатҳи байналмилалӣ, ки ба рушди кишварҳои худ ва минтақа мусоидат мекунанд, нақши муҳимеро иҷро менамояд”, изҳор дошт Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон. Др. Шамш Қоссим Лакха, раиси Шӯрои Парасторони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ҳангоми имзо кардани шартнома бо изҳори хушнудӣ баён дошт, ки“Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бо кумаки Ҳукуматҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ва донишгоҳҳои шарик дар Австралия, Канада, Аврупо ва Русия аз тариқи таҳқиқот ва омӯзиш додани донишҷӯёни боистеъдоди Тоҷикистон ва кишваҳои дигари Осиёи Марказӣ нақши худро дар рушди минтақа густариш медиҳад.”

Мактаби илмҳои инсонӣ ва дақиқи кампуси нави Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ ба донишҷӯёни Тоҷикистон имконияти беназирро фароҳам меоварад, ки бо ҳамсолони худ аз ду кишвари муассис-Қирғизистон ва Қазоқистон ва ҳамчунин кишварҳои ҳамсоя ба мушкилоти хос ба митақаҳои куҳистони онҳо расидагӣ кунанд. Ин мушкилиҳо таъсири тағйирёбии иқлим, намунаҳои нави рушди иқтисодӣ ва имкониятҳоеро дар бар мегиранд, ки тавассути рушди сареъи низомҳо ва шабакаҳои технологияи иттилоотӣ фароҳам оварда мешаванд. 
This website uses cookies
Cookies are small text files held on your computer. They allow us to give you the best browsing experience possible and mean we can understand how you use our site.
Some cookies have already been set. You can delete and block cookies but parts of our site won't work without them.
By using our website you accept our use of cookies.
No, I want to find out more Yes, I agree