Президент Эмомалӣ Раҳмон нахустин Донишгоҳи минтақавиро дар Тоҷикистон ифтитоҳ мекунад

Date: 14 September 2018
View photo gallery
Other languages: English | Русский язык |
Кампуси Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ дар як марҳилаи таърихӣ аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 14-уми сентябри соли 2018 расман ифтитоҳ шуд. Ин кампус пас аз ба фаъолият шурӯъ кардани кампуси шаҳри Норин дар соли 2016 дуввумин кампуси фаъоли Донишгоҳи Осиёи Марказӣ мебошад.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми пардабардорӣ аз лавҳаи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ.
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ҳамчун як донишгоҳи дунявӣ, хусусӣ ва ғайритиҷоратӣ соли 2000-ум аз тариқи шартномаи байналмилалӣ миёни президентҳои ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ва Волоҳазрат Оғохон таъсис ёфт; аз ҷониби парлумонҳои ин кишварҳо ба тасвиб расид ва дар Созмони Милали Мутаҳид ба қайд гирифта шуд.  Президентҳои ҷумҳуриҳои зикршуда Ҳомиёни Донишгоҳ мебошанд ва Волоҳазрат Оғохон канслери он аст. 

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми суханронии худ дар ҷамъи ҳазорнафараи меҳмонон гуфт: “Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ саҳифаи нав дар низоми таҳсилоти олии касбии мамлакат мебошад. Бовар дорам, ки фаъолияти муассисаи навтаъсис на танҳо ба нафъи мамлакати мо мебошад, балки барои густариши ҳамкориҳои бисёрҷонибаи кишварҳои минтақа дар соҳаи маориф хизмат хоҳад кард.”

Доктор Шамш Кассим -Лакҳа, Раиси Шӯрои Парасторони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ аз президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар маросими ифтитоҳ, оянданигарӣ ва тааҳҳудаш ба таҳсилоти олӣ изҳори қадрдонӣ кард. Шамш Кассим-Лакҳа ҳамчунин бо баёни ташаккур ба Волоҳазрат Оғохон изҳор дошт: “Дурнамо, назорати давомдор ва таваҷҷуҳ ба тамоми ҷанбаҳаои ин Донишгоҳ моро шоҳиди чунин рӯзи махсус кард”.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъи меҳмонони маросими ифтитоҳи Донишгоҳи Осиё Марказӣ суханронӣ мекунад.
Ҳадафи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ аз тариқи фароҳам овардани сатҳи байналмилалии омӯзиш мусоидат кардан ба пешрафти ҷанбаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ҷомеаҳои куҳии Осиёи Марказӣ ва тавонманд сохтан мардуми ин минтақа барои ҳифзи мероси фарҳангӣ мебошад. Донишгоҳ бо худ тааҳҳуд ва ҳамкории Шабакаи Оғохон оид ба Рушдро (AKDN) меорад. 

Дар кампуси Хоруғи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ тахассусҳои Иқтисод ва Илм дар бораи замин ва муҳити атроф, дар шаҳри Норин Илми компютерӣ ва Медиа ва Иртиботот тадрис мешаванд. Дар кампуси Текелии Қазоқистон, ки ифтитоҳи он соли 2022 дар назар аст, тахассусҳои Мудирияти тиҷорат ва Улуми муҳандисӣ пешниҳод хоҳанд шуд. 

Институти тадқиқоти ҷомеаҳои куҳистони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ низ ба хотири доштани ҳамкориҳои наздиктар бо бахши Илм дар бораи замин ва муҳити зист дар кампуси Хоруғ ҷойгир аст. Ин муассиса ҳамчунин дар  боло бурдани зарфияти таҳқиқотии факултаи биологияи Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ҷалб шудааст. 


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми пардабардорӣ аз лавҳаи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ.
Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ аз соли 2006 бо 12 маркази омӯзишии худ дар Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва 6 марказ дар Афғонистон посухгӯи ниёзҳои мардум будааст. Ҳар сол 12 ҳазор донишҷӯ аз ин мактаб фориғ мешаванд, ки 53 % - ин онҳо занон мебошанд. То ҳол 120 ҳазор донишҷӯ дарсҳои Мактаби маълумоти касбӣ ва даводорро хат кардаанд. Арзёбии мустақиле, ки  аз ҷониби коллеҷи Рокиеси Канада анҷом шуд, аз барномаҳои Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдор (ММКД) ризоияти баландеро нишон дод: 90 фоизи хатмкунандагон гуфтаанд, ки ҳадафи онҳо дар ростои гирифтани маҳорат барои таҳсилоти олӣ ва имкониятҳои кор қонеъ карда шудааст.

Меъмории Донишгоҳи Осиёи Марказӣ аз ҷониби Арата Исозакӣ, меъмори маъруфи ҷопонӣ тарроҳӣ шудааст. Биноҳои марҳилаи аввали кампуси Донишгоҳ аз ҷониби пудратчиёнӣ хурд ва миёнаи Тоҷикистон бунёд шуда ба иқтисоди маҳаллӣ ва минтақавӣ фоидаи иқтисодии чамшрас ироа кардааст. Барои кампуси Хоруғ аз сӯи ҷониби Шабакаи Оғохон оид ба рушд 95 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ шудааст, ки бахши андаки он аз Ширкати сармоягузории хориҷии Амрико (OPIC) қарз гирифта шудааст. 

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар марҳилаи аввали сохтмон дар Тоҷикистон ва Қирғизистон 1 ҳазору 400 ҷойи корӣ эҷод кард, ки 90 дарсади кормандон аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ мебошанд.  Донишгоҳ ҳамчунин дар шаҳрҳои Хоруғ ва Норин беш аз 200 ҷойи корӣ барои устодон ва кормандон доимӣ фароҳам кардааст.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъи меҳмонони маросими ифтитоҳи Донишгоҳи Осиё Марказӣ суханронӣ мекунад.
Бо мақсади тавсеа додани сифати хизматрасонии тандурустӣ дар шаҳри Хоруғ сохтмони Маркази тиббии шаҳри Хоруғ, ки мутааллиқ ба Шабакаи Оғохон оид ба рушд аст, идома дорад. Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар боло бурдани зерсохтор дар шаҳри Хоруғ нақши мусбате доштааст. Донишгоҳи Осиёи Марказӣ роҳи маҳаллаи Дашти шаҳри Хоруғро асфалтпӯш карда, ба маҳаллаи Дашти Боло ва ҷамоати Хидҷ роҳи нав кушодааст. Донишгоҳ ҳамчунин дар кӯчаҳои ин минтақа чароғҳо насб кардааст.

Иттилооти марбута
  • Суханронии Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (англисӣ, тоҷикӣ)
  • Суханронии доктор Шамш Кассим - Лакҳа, Раиси Шӯрои Парасторони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ (англисӣ, русӣ)
  • Суханронии Мирзонабот Мирзонаботов, намояндаи донишҷӯёни соли 2023 (англисӣ, русӣ, тоҷикӣ)
  • Суханронии Зайнаб Муборакшоева, намояндаи донишҷӯёни соли 2023 (англисӣ, русӣ, тоҷикӣ)
  • Мавод барои хондан: Донишгоҳи Осиёи Марказӣ – Таваллуди донишгоҳи рушд (англисӣ/тоҷикӣ)
  • Аксҳо: Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ (англисӣрусӣ)
  • Видео: Лаҳзаҳо аз маросими ифтитоҳи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ (англисӣ)
This website uses cookies
Cookies are small text files held on your computer. They allow us to give you the best browsing experience possible and mean we can understand how you use our site.
Some cookies have already been set. You can delete and block cookies but parts of our site won't work without them.
By using our website you accept our use of cookies.
No, I want to find out more Yes, I agree