Мактаби Маълумоти Касбӣ Ва Давомдори Донишгоҳи Осиёимарказӣ Зиёда Аз 200 Донишҷӯро Хатм Мекунад, Ки 22 Нафари Онҳоаз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мебошанд

Date: 14 July 2012
Other languages: English | Русский язык |

Хоруғ, Тоҷикистон, 14- уми июли соли 2012-  Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ММКД ДОМ) ҳафтумин маросими хатми таҳсил дар Тоҷикистонро дар театри вилоятии Хоруғ баргузор намуд.

Маросими мазкур бо иштироки мӯҳтарам Маҳмадамин Маҳмадаминов, Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Қодири Қосим, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, мӯҳтарам Мунир М. Мералӣ, намояндаи доимии Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон, мӯҳтарам Абдул Ҳаким Ҳайдарӣ, Консули Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар шаҳри Хоруғ ва Алмаз Сайфутдинов, Мушовири шӯъбаи иқтисодӣ ва тиҷорати Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) баргузор гардид.

Дар маросими хатми ММКД дар маҷмӯъ 215 нафар донишҷӯ соҳиби шаҳодатнома гардиданд. Шаҳодатномаҳои касбӣ дар бахшҳои Технологияи муҳосибӣ ва Маълумоти касбӣ-техникӣ; Шаҳодатномаи Хатм барои Барномаи хазонадорӣ, забони англисӣ барои мақсадҳои академикӣ, забони англисӣ барои коргузории расмии дараҷаҳои 2 ва 3A, забони англисии гуфтугӯӣ ва Барномаи таълими роҳбаладон тақдим гардиданд. Гувоҳномаи хатмро барои хатмкунандагони барномаҳои Арзёбии пружа, забони русии гуфтугӯӣ, забони олмонии гуфтугӯӣ, забони фаронсавии гуфтугӯӣ ва забони дарии дараҷаи баланд тақдим гардиданд. Ифтихорномаҳо барои ғолибони олимпиядаи байни мактабҳои деҳоти барномаи  «Риёзӣ дар деҳот» ва «Англисӣ дар деҳот»- и ММКД тақдим гардиданд. 

Соли дуюм аст, ки ММКД мутасил донишҷӯёни афғонро фориғ мекунад. Соли ҷорӣ, 22 нафар хатмкунандаи афғон курсҳои дараҷаи ибтидоиро дар ММКД-и  Хоруғ тариқи  Барномаи таълимоти касбӣ- техникии байнимарзӣ дар Бадахшон II бо ибтикори муштараки ДОМ ва Оҷонсии Иттиҳоди Амрико барои рушди байналмилалӣ (USAID) таҳсил намуданд. Ҳамчун қисми Барномаи таълимоти касбӣ- техникии байнимарзӣ дар Бадахшон II, 60 донишҷӯ аз вилояти Бадахшони Афғонистон соҳиби барномаҳои идрории USAID гардиданд ва аз рӯи ихтисосҳои Забони англисӣ (забони англисии гуфтугӯӣ ва забони англисӣ барои мақсадҳои академикӣ), Технологияи Иттилоотӣ (Шаҳодатномаи байналмилалии компютер ва Мутахассиси Майкрософт), Хазонадорӣ ва муҳосиботро дар ММКД-и шаҳри Хоруғ таҳсил намуданд. Барномаҳо ва маводҳои таълимӣ ба забони дарӣ барои ин барнома таҳия ва тадрис гардиданд. Илова бар ин, дар назар аст, ки  донишҷӯёни курсҳои сатҳи болоии Барномаи таълимоти касбӣ- техникии байнимарзӣ дар Бадахшон II моҳи декабри соли ҷорӣ хатм кунанд.

ММКД моҳи октябри соли 2006-ум таъсис ёфта, моҳи январи соли 2008-ум маркази таълимии он дар шаҳри Душанбе кушода шуд. Ҳозирини вақт, ММКД зиёда аз 23 ҳазор донишомӯзро дар 120 намуд курс дар кампуси шаҳрӣ, Маркази маълумоти касбӣ- техникӣ дар шаҳри Хоруғ ва Маркази таълимии шаҳри Душанбе ба омӯзиш фаро гирифтааст. Соли 2010, ММКД идораи Барномаи Файзободи Афғонистонро кушод.   Илова бар ин, ММКД барномаҳои такмили ихтисосро барои Мактаби тайёркунии муаллимони Шуғнони Афғонистон таҳия кард.

ММКД барои донишҷӯёни худ барои имкониятҳои корёбӣ мусоидат мекунад. Таҳлилҳои охир нишон медиҳанд, ки 75% хатмкунандагони ММКД  талаботи худ ба бозори меҳнат ва даромади худро баъд аз омӯзиши курсҳои ММКД зиёд намудаанд. Ҳамчунин дар Афғонистон сатҳи аввалияи шуғли донишҷӯён 34% буд. Баъди хатми курсҳои ММКД сатҳи шуғлашон ба 64% расид.