МАКТАБИ МАЪЛУМОТИ КАСБӢ ВА ДАВОМДОРИ ХОРУҒ МАРОСИМИ ХАТМИ БАҲОРИРО БАРГУЗОР КАРД, КИ 35 НАФАРИ ХАТМКУНАНДАГОН ДОНИШҶӮЁН АЗ АФҒОНИСТОН МЕБОШАНД

Date: 26 March 2013
Other languages: English | Русский язык |

Хоруғ, Тоҷикистон, 26- уми марти соли 2013 -  Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ММКД ДОМ) ҳаштумин маросими хатми таҳсилро дар театри вилоятии ба номи М. Назарови шаҳри Хоруғ баргузор намуд. 

Дар баробари ҷашнгирии хатми таҳсили донишҷӯён, Иди Наврӯз, ки маншаи фарҳанги форсӣ ва нишонаи оғози баҳор аст, ҷашн гирифта шуд. Маросим бо намоиши фарҳангии суннатӣ аз ҷониби донишҷӯён гузаронида шуд. 
 
“Дар ин оғози нав, Иди Наврӯз мо аз хатмкунандагони худ ифтихормандем ва барои онҳо дар амалӣ сохтани донишҳои навандӯхта дар шуғли ояндаашон тавфиқ мехоҳем” қайд намуд, Роберт Вилер, Директори маъмурии ДОМ.
 
Дар маросими хатм 200 нафар донишҷӯ, аз ҷумла 35 нафар аз Афғонистон ва 24 устои деворгар аз деҳот, ки ҳафт ноҳияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони  Бадахшонро муаррифӣ мекунанд ва аз ҷониби Идораи Кулли Кӯмакҳои Башардӯстона ва Ҳимояти Ҳуқуқии Коммиссияи Аврупо – ECHO (DIPECHO) маблағгузорӣ шуданд,  соҳиби шаҳодатнома гардиданд.
 
Шаҳодатномаҳои касбӣ ба хатмкунандагони барномаҳои Технологияи муҳосибӣ, забони англисӣ барои мақсадҳои академикӣ тақдим гардиданд, инчунин гувоҳномаҳои такмили ихтисос ба муаллимони Технологияи иттилоотӣ ва забони англисии Барномаи кор бо ҷомеаи ММКД тақдим гардиданд. 
Илова бар ин, Шаҳодатномаи Хатм барои барномаи хазонадорӣ, забони русӣ барои муошират ва забони олмонӣ ва фаронсавӣ барои муошират, забони англисӣ барои коргузории расмии дараҷаҳои 2 ва 3A, забони англисӣ барои муошират ва таълими роҳбаладон  тақдим карда шуданд. Инчунин, як гурӯҳи шунавандагон соҳиби шаҳодатномаи касбии ихтисоси сантехника  гардиданд.
 
Соли саввум аст, ки ММКД 35 донишҷӯёни афғонро фориғ мекунад. Ин донишҷӯён курсҳои дараҷаи баландро дар ММКД-и  Хоруғ тариқи  Барномаи таълимоти касбӣ-техникии байнимарзӣ дар Бадахшон, ки бо ибтикори муштараки ДОМ ва Оҷонсии Иттиҳоди Амрико барои рушди байналмилалӣ (USAID), ки фазаи дуюмро ҷамъбаст намуда истодааст, таҳсил намуданд. 
 
Аз соли 2009, Барномаи таълимоти касбӣ-техникии байнимарзӣ дар Бадахшон барои ММКД имконият дод, ки барномаҳояшро барои донишҷӯёни афғон ва  тақвияти дастрасӣ ба омӯзиш дар ноҳияҳои марзӣ вусъат диҳад. Ба гайр аз ин, қисми ин барнома, 132 донишҷӯ аз вилояти Бадахшони Афғонистон соҳиби барномаҳои идрории USAID гардиданд ва аз рӯи ихтисосҳои Забони англисӣ, Технологияи Иттилоотӣ, Хазонадорӣ ва муҳосибот ва таълимоти касбиро дар ММКД-и шаҳри Хоруғ таҳсил намуданд. Барномаҳо ва маводҳои таълимӣ ба забони дарӣ барои ин барнома таҳия ва тадрис гардиданд. Илова бар ин, Барномаи таълимоти касбӣ-техникии байнимарзӣ дар Бадахшон барои таъсис додани идораи ММКД дар шаҳри Файзободи Афғонистон кӯмак расонид.