ДОМ хатми шунавандагони барномаи таълимӣ дар соҳаи таҳлили сиёсати давлатиро дар шаҳри Душанбе ҷашн мегирад.

Date: 09 April 2015
Other languages: English | Русский язык |

Дар Донишкадаи идоракунии давлатӣ ва сиёсати Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДИДС ДОМ) маросими хатми шунавандагони барномаи таълимї дар соҳаи таҳлили сиёсати давлатӣ дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ 9 апрели соли 2015 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Ин барнома дар ҳамкории байни  ДОМ ва ДИД гузаронида шуд.

 
 
 
«Барнома дар соҳаи таҳлили сиёсати давлатӣ, курси босуръати таълимї буда , аз ҷониби мутахассисони вариза барои хизматчиёни давлатии давлатӣ ва таҳлилгарони Осиёи Марказӣ, ки дар он шунавандагон бо истилоҳотҳои муҳим  ва усулҳои таҳлили сиёсати давлатӣ шинос шуданд», иброз дошт Директори Генералии ДОМ доктор Богдан Кравченко дар баромади худ дар хатми барнома ва меҳмонони ин чорабинӣ. “Мо хело хушнудем, ки чунин барномаро дар Тоҷикистон бо ҳамкорӣ бо ДИД ба роҳ мондем.
 
Дар чорабинӣ Лутфия Абдулхолиқзода-ректори Донишкадаи идоракунии давлатӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, (ДИД) Ҷаноби Қосимзода Гурез- муовини аввали Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Тоҷиддин Ҷуразода-ҳамоҳангсози Гурӯҳи ислоҳоти идоракунии давлатӣ аз Дастгоҳи иҷроияи Президент  ва дигарон ширкат варзиданд. 
 
«Гузаронидани чунин барнома оид ба тайёркунии касбї ва азнавтайёркунї хизматчиёни давлатӣ барои мо муҳим ва саривақтӣ мебошад. Итминони комил дорам, ки пас аз анҷоми бомуваффақияти барнома, маҳорату малакаҳои тањлилии иштирокчиён дар соҳаи идоракунии давлатӣ хело баланд шуд. Мо умедворем, ки онҳо донишњои ба дастовардаро метавонанд дар фаъолияти касбӣ ва инчунин дар таҳияи ҳуҷҷатҳои тањлилї истифода баранд» гуфт:  Абдулхолиқзода Лутфия, Ректори ДИД -и назди Президенти ҶТ.
 
Барномаи омӯзишӣ дар соҳаи таҳлили сиёсати давлатӣ барои хизматчиёни давлатї таҳлилгарони мустақил, кормандони марказҳои тањлилї, ташкилотҳои ғайридавлатӣ тартиб дода шуда, аз чор модул иборат аст;  раванди таҳияи сиёсати давлатӣ; иқтисодиёт барои таҳлили сиёсати давлатӣ; усулҳои таҳлили сиёсати давлатӣ; мониторинг ва арзёбии сиёсати давлатӣ. Дар охири барнома, ҳар як иштирокчии кори тахассусӣ тайёр намуда, дар назди комиссия, ки муҳаққиқони ботаҷриба ва кормандони баландпояи давлатӣ иборат аст, ҳимоя мекунад.
 
Дар соли 2014, ДОМ барнома дар соҳаи таҳлили сиёсати давлатӣ дар якҷоягӣ, барои хизматчиёни давлатӣ аз Қирғизистон, Тоҷикистон ва Афғонистон дар шаҳри Бишкек ва Душанбе гузаронид. Барнома дар сатњи зарурї ташкил карда шуд ва иштирокчиён имкони ҳам кор ва ҳам таҳсилро доштанд.
 
11 нафар хатмкунандагони барнома аз августи соли 2014 то моҳи январи соли 2015 дар ДИД таҳсил намуданд. Машғулиятҳо аз тарафи гурӯҳи байналмилалии омӯзгорон, ба монанди Александр Килиевич-дотсенти Академияи миллии идоракунии назди Президенти Украина; Заура Сидиқова-мутахасиси, ТҶ «SBDC машварат»,-и Бишкек; ва доктор Роман Могилёвский-роњбари барномаҳои таҳқиқотии ДИДС- ДОМ. гузаронида шуданд.
 
Тањсил бо забони русӣ гузаронида шуд. ДОМ шунавандагонро бо маводҳои зарурии таълимӣ, аз ҷумла  дастури амалии интишори  ДОМ "Таҳлили афзалиятҳо ва хароҷот» таъмин намуд. Ин аввалин дастури  нашри муаллифин бо забони русӣ оид ба татбиқи амалии усулҳои таҳлили афзалият ва хароҷот мебошад. Таҳлили афзалият  ва хароҷот – усули методологияи стандартӣ аст,  ки барои ҳисоб кардани  хароҷоти мақомоти марказӣ ва маҳаллии барномаҳо, лоиҳаҳо ва татбиқи сиёсати он   истифода бурда мешавад.
 
Ба хатмкунандагон Гувоҳнома оид ба такмили ихтисос дар соҳаи таҳлили сиёсати давлатӣ бо замима, ки дар он муфассал дар бораи  барномаи омӯзишӣ ва натиҷаи ба дастоварда, мувофиқи меъёрҳои Аврупоӣ тақдим карда шуд. Ҳаҷми ин барнома тибқи низоми ҳисобдорӣ ва ҷамъоварии кредитӣ Аврупо (ECTS) 25 кредитро  ташкил медиҳад.
 
«Курс дониши моро дар соҳаи таҳлили сиёсати давлатӣ хело баланд бардошт. Усулҳои таълими омўзгорон ба мо кӯмак намуданд, ки тамоми мавзӯъҳои омўхтаи назариявиро бо корҳои амалӣ амиқтар таҳлил намоем,» гуфт: Суҳроб Ёқубзода, хатмкардаи барнома, Садори шўъбаи таҳлили Раёсати тањлил ва ояндабинии иќтисодии  Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 
 
 
Барномаи таълимӣ дар соҳаи таҳлили сиёсати давлатї, ин як барномаест, ки дар доираи Ташаббус дар роҳи тадқиқот ва сиёсати давлатӣ ДИДС ДОМ, бо дастгирии Маркази байналмилалии тадқиқотҳои Рушди Канада (МБТРК) ва Намояндагии Хазинаи Оғохон дар Канада ташкил карда шудааст. Нашри дастури амалӣ «Таҳлили афзалият ва хароҷот» низ низ бо кӯмаки Ташаббус имконпазир гардид. Ташаббус барои мусоидат намудан ба равандҳои таҳия ва қабули қарорҳои стратегӣ дар Осиёи Марказӣ, тавассути баланд бардоштани маҳорати тадқиқотчиён дар минтақа, барои гузаронидани тадқиқоти мустақил ва васеъ намудани имкониятҳои мутахасисон, ки ба таҳияи сиёсати минтақа сару кор доранд, равона карда шудааст.
 
Дар соли 2015, барномаи омӯзишӣ идома дода мешавад, аз љумла дар : дар моҳи апрел дар Қирғизистон, моҳи май дар Тоҷикистон ва барои  хизматчиёни давлатии  Афғонистон  дар моҳи август амалї мегардад.