Истироҳатгоҳи тобистонаи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ оид ба фаро гирифтани хонандагони боистеъдод.

Date: 27 March 2015
Other languages: English | Русский язык |
Тобистони имсола, хонандагони  боистеъдоди  синфҳои 10 аз саросари давлатҳои  Осиёи Марказӣ имконияти шомил шудан ба барномаи ғанигардонии дониш, ки аз тарафи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) ташкил карда мешавад, доранд. 
 
Истироҳатгоҳи  тобистонаи  ДОМ  аз  17 июн то 7 июл  дар  Осоишгоҳи Синегоре дар соҳили кули Иссик-Kули –Ҷумҳурии Қирғизистон  баргузор мегардад. Ин бошишгоҳи  зебо  бо як  силсила  фаъолиятҳои зарурӣ барои  омода  кардани хонандагон  барои  дохилшавӣ ба донишгоҳ равона карда шудааст. Тамоми фаъолиятҳо аз тарафи як гурӯҳи  байналмилалии омӯзгорони касбӣ ва  таҷрибадор ва  мушовирон истироҳатгоҳ бо таъмин намудани таносуби як бар панҷи кормандон ва хонандагон гузаронида мешавад.
 
 “Истироҳатгоҳи мазкур ин як бахши стратегии Донишгоҳ бо мақсади муайян намудан ва пешакии фаро гирифтани хонандагони боистеъдоди синфҳои болоӣ барои таҳсил ба компуси аввалаи шаҳраки Норин дар соли 2016 мебошад”: шарҳ  дод доктор Ориф Карча, декани ДОМ оид ба  корҳои таълимӣ,   ӯ инчунин изҳор дошт, ки:  “тавассути ин истироҳатгоҳ мо умедворем, ки ба хонандагон илҳоми тоза  барои дохил шудан ба ДОМ  ва ё бо муваффақият интихоб намудани дигар донишгоҳҳои олӣ чӣ дар минтақа ва дар хориҷи кишвар кӯмак намоем”.
 
Истироҳатгоҳ  тасмим гирифтааст, ки сатҳи дониши хонандагонро аз фанҳои забони англисӣ ва риёзӣ ба сатҳи рақобатпазирӣ дар арсаи байналмилалӣ расонида,  имконияти  таҳсили хонандагонро дар донишгоҳҳои дорои меъёрҳои  умумиҷаҳонӣ таъмин намояд. Баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон, як қисми муҳимтарини фаъолиятҳои истироҳатгоҳ мебошад. Иштироккунандагон ба омӯзиши забони англисӣ ва риёзӣ аз рӯйи барномаи тартибдодаи коршиносони соҳаи маорифи Канада ва Амрико  дар мувофиқа ба талаботи донишҷӯёни Осиёи Марказӣ суръат мегирад.  
 
Онҳо ҳамчунин  маълумотҳои иловагӣ  ва маводҳои зарурӣ  барои омода шудан барои дохилшавӣ ба донишгоҳ дастрас мекунанд. Аз тарафи коршиносон  мафҳилҳои  махсус ба монанди чӣ тавр ба донишгоҳ дохил шудан, интихоби барномаи таълимӣ мувофиқи  дархост ва касби интихобшуда,  омода шудан барои дохилшавӣ  ба донишгоҳ гузаронида мешаванд. Маҳфили  “Шоми интихоби касб”  ба онҳо кӯмак мерасонад, ки ба дониш, маҳорату малакаи  омӯзишии  худ дар роҳи касби интихобшуда баҳо диҳанд.
 
Иштироккунандагон инчунин имконият доранд, ки бо устодони донишгоҳ чӣ аз Осиёи Марказӣ ва чӣ аз берун аз он вохурӣ намоянд.  Пас аз анҷоми истироҳатгоҳ ҳар як  иштироккунанда бо мурббии худ, ки аксаран аз давлатҳои Амрико ё Канада мебошанд, барои дастрас намудани дастурҳои минбаъда барои омодашавӣ ва дастраси ба маълумот баланд мувофиқи стандарти ҷаҳонӣ тавассути барномаи Skypе тамос хоҳанд гирифт.
 
Барои иштирокчиён имконият дода мешавад, ки маҳорати забондонии худро бо иштирок дар чорабиниҳои ғайри таълимӣ ки бо забони англисӣ суръат мегиранд, такмил диҳанд. Ин  фаъолиятҳо чорабиниҳои спортӣ,  баҳсу мунозира, драма, тамошои филмҳо, шабҳои мусиқӣ ва ахиран саёҳат ба мақсади кашфи табиати зебои  кӯли Иссик -Кулро дар бар мегирад.
 
Истироҳатгоҳи тобистонаи ДОМ-ин бошишгоҳи се ҳафтаинаи таълимӣ бо таъмини манзилгоҳ ва бо мақсади такмил додани  сатҳи дониши хонандагони синфҳои даҳум, бошандагони Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон  ва Қазоқистон мебошад. Барои дохил шудан, хонандагони шавқманд бояд аз имтиҳони кутоҳ аз забони англисӣ, риёзӣ ва супоришҳои мантиқӣ гузаранд. Имтиҳонҳои дохилшавӣ 28.29 март ва 4, 5, 11,12 апрели соли 2015 гузаронида мешавад.
 
Барои маълумоти бештар  оид ба масъалаҳои ҳуҷҷатсупорӣ, вақт ва макони имтиҳонсупорӣ ба сомонаи зер мароҷиат намоед:  www.ucentralasia.org/summercamp.  Барои маълумотҳои навин ба сомонаи : bit.ly/ucacampform ё тариқи занг задан  бо рақами +996 770 822 901  ё  SMS бевосита  ба  Ҳайати Истироҳатгоҳи Тобистона муроҷиат кунед.