Донишкадаи идоракунии давлатӣ ва сиёсатгузории Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи омӯзишӣ дар соҳаи таҳлили сиёсати давлатӣ барои иштирокчиёни нав фаро гирифтаро оғоз намуд.

Date: 17 June 2015
Other languages: English | Русский язык |
Донишкадаи  идоракунии давлатӣ ва сиёсати Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДИДС –и ДОМ ) дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи идоракунии давлатӣ (ДИД) назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба гузаронидани барномаи омӯзишӣ дар соҳаи таҳлили сиёсати давлатӣ барои иштирокчиёни нав фарогирифта  дар шаҳри Душанбе оғоз намуд. Барнома мазкур,  бори дуввум аст, ки барои хизматчиёни давлатӣ дар шаҳри Душанбе  баргузор мегардад.
 
Иштирокчиёни барномаро  хонум Лутфия  Абдулқодирзода,  Ректори ДИД-и назди Президенти ҶТ, хонум Кумри Азизова, сардори шуъбаи ташкили тахлили ва итиллотии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Чумхурии Точикистон, ва ҷаноби Роман Могилёвский, муовини Директор ва ходими  калони илмии ДИДС-и ДОМ  бо сухани табрикоти истиқбол намуданд. Онҳо дар баромади худ оид ба барномаи омӯзишӣ ва аҳамияти он барои иштирокчиён сухан ронданд.
 
 
 
«Оғози давраи дуюми барномаи омӯзишӣ  дар соҳаи таҳлили сиёсати давлатӣ, оид  ба аҳамият ва зарурияти дониш дар ин самт гувоҳӣ медиҳад. Мо мутмаинем, ки иштирокчиёни нав ба таҳсил фаро гирифта, ба монанди иштирокчиёни пешин, дониш ва малакаҳои худро дар соҳаи таҳлили сиёсати  давлатӣ баланд бардошта ва дар оянда дар фаъолияти касбии худ самаранок истифода хоҳанд бурд», - гуфт хонум Абдулхолиқзода.
 
Барномаи омӯзишии дар соҳаи таҳлили сиёсати давлатӣ  барои хизматчиёни давлатӣ, таҳлилгарони мустақил, кормандони марказҳои аналитикӣ  ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ пешбинӣ карда шудааст. Барнома чор модулро дар бар  мегирад: «Раванди таҳияи сиёсати давлатӣ»; «Иқтисодиёт  барои таҳлили сиёсати давлатӣ»; «Усулҳои таҳлили сиёсати давлатӣ»; «Мониторинг ва арзёбии сиёсати давлатӣ». Дар охири омӯзиш, ҳар як иштирокчӣ,  як кори тахассусӣ тайёр намуда дар назди комисия, ки аз байни  муҳаққиқони таҷрибадор  ва кормандони давлатӣ ташкил карда мешавад, ҳимоя мекунад.  Барнома дар шакли  қулай тартиб дода шуда ба иштирокчиён имкон медиҳад, ки ҳамзамон кор ва ҳам таҳсил кунанд.
 
Дар соли 2014, ДОМ барномаи таълимӣ дар соҳаи таҳлили сиёсати давлатӣ барои хизматчиёни давлатӣ аз Қирғизистон, Тоҷикистон ва Афғонистон, дар як вақт ҳам дар Душанбе ва ҳам дар Бишкек ва гузаронид.
 
«Мо аз хатмкардагони даври аввали  барномаи таълимӣ оид ба таҳлили сиёсати давлатӣ хело  баҳои мусбӣ гирифтем ва хурсандем , ки дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи  идоракунии давлатӣ, даври нави барномаро ташкил менамоем»-  гуфт Могилёв. «Фаъолияти ДИДС- ДОМ барои  рушди зарфияти хизматчиёни давлатии Тоҷикистон равона карда шудааст, барномаи таҳлили сиёсати давлатӣ  ба иштирокчиён имконият медиҳад, ки маҳорати
касбии худро баланд бардошта,  маҳорату таҳлилкунӣ,  ки барои таҳияи сиёсатгузорӣ дар заминаи  далелҳо заруранд,   чуқуртар  омӯзанд.
 
Дар моҳи феврали соли 2015, барномаи омӯзишӣ дар шаҳри Душанбе бофарогирии 28 нафар иштирокчиён  ва дар шаҳри Бишкек бо иштироки  27 гузаронида шуд. Барнома барои хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Афғонистон дар моҳи августи соли 2015 дар шаҳри Бишкек баргузор мегардад.
 
Иштирокчиёне, ки барномаи таълимиро бомуваффақият  хатм мекунанд, соҳиби  Шаҳодатномаи такмили ихтисос дар соҳаи таҳлили сиёсати давлатӣ мегарданд. Ҳаҷми барнома  аз 25 кредит иборат аст, ки тибқи Низоми ҳисобдорӣ ва ҷамъшавии қарзҳои Аврупо (ЕCTS) муқарар шудааст.
 
Барномаи омӯзишӣ дар соҳаи таҳлили сиёсати давлатӣ, барномаест, ки дар доираи Ибтикори таҳқиқот оид ба таҳқиқот ва сиёсати давлатии  ДОМ , бо дастгирии Маркази байналмилалии рушди тадқиқоти Канада (IDRC), дар Оттава, Канада, ва Намояндагии Хазинаи Оғохон дар Канада амалӣ мешавад. Ибтикори таҳқиқот барои мусоидат намудан ба раванди таҳия ва қабули қарорҳои стратегӣ дар  кишварҳои Осиёи Марказӣ, тавассути зиёд намудани зарфияти муҳаққиқон дар минтақа, барои гузаронидани тадқиқоти мустақил ва васеъ намудани имкониятҳои мутахассисоне, ки ба таҳияи сиёсатгузорӣ дар минтақа сару кор доранд, саҳмгузорӣ мекунад.