Истироҳатгоҳи тобистонаи ДОМ беҳтаринҳоро қабул мекунад

Date: 16 June 2015
Як қатор омилҳои зерин вуҷуд доранд, ки барои  бомуваффақият ба  Донишгоҳ дохил шудан мусоидат мекунанад. Бисёре аз ин омилҳо  ба шумо кӯмак мерасонанд, ки дар Донишгоҳ муваффақ гардед ва барои зиндагии касбиатон асос мегузоранд. Аз ҷумла, аниқ намудани ҳадафҳои худ, донистан ва баҳо додан ба тарафҳои мусбӣ ва манфии худ, беҳтар намудани маҳорату малакаҳои зарурӣ дар омӯзиши Риёзӣ  ва забонҳо ва аз ҳама муҳимаш банақшагирии ояндаи худ мебошад.
 
Дар тули  чор рӯзҳои истироҳатӣ дар моҳҳои март ва апрели соли 2015, зиёда аз 850 нафар беҳтарин хонандагони синфҳои 10- ӯм  аз саросари Осиёи Марказӣ дониши қаблан андӯхтаи худро барои шомил шудан ба  Барномаи нодири  ғанигардонии  дониши Истироҳатгоҳи тобистонаи  Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) нишон доданд.
 
 Вақте ки сабаби инро аз  як хонанда  пурсидем, гуфт, ки барнома диққати ӯро ҷалб кард “ Ин истироҳатгоҳ тамоман дигар хел аст   «Ин на танҳо мисли мактаб донишомӯзӣ пешниҳод мекунад, балки ба ман кӯмак мекунад, чи тавр ба Донишгоҳ дохил шавам , ва бо донишҷӯён ва устодон  дигар кишварҳо вохурам.”
 
Дигаре  чунин ҷавоб дод: « Ин хеле шавқовар аст, ки ман метавонам дар бораи ояндаи худ фикр кунам.”
 
Хонандагони довталаб  дар марказҳои тестӣ дар ҳашт шаҳру ноҳияҳо дар қаламрави Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Қазоқистон,  дар раванди озмуни ҷиддӣ барои  ба даст овардани як ҷой аз ҳаштод ҷойи пешбинишудаи Истироҳатгоҳи тобистонаи ДОМ, ки  аз 17  июн ба 7 июл дар соҳили кули-Иссиқ-кӯл дар Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегардад, иштирок мекунанд.
 
«Чунон ки санҷиши тестии Истироҳатгоҳи тобистона ҳамчун раванди санҷиши  озмоишӣ,   қабл аз кушода шудани компуси Норини ДОМ, дар соли оянда мебошад, аз ин рӯ диққати  ҷиддӣ барои  таъмин намудани шароитҳои зарурӣ  ва гузаронидани  санҷиши  одилона ва шаффоф  буд,” шарҳ дод Доктор  Ориф Качра,  Декани ДОМ оид ба корҳои  таълимӣ.«Мо мехостем, ки ҳамаи хоҳишмандон , сарфи назар аз миллат, заминаи иқтисодӣ, ҷинсият ва доштани мақоми шаҳрӣ ё деҳотӣ имкони иштирок карданро дошта бошанд.  Ҳамзамон мо кӯшиш кардем, ки  таносуби баробари ишироккунандагонро ба назар гирем “ илова намуд ӯ.
 
Маъракаи қабули довталабон тавре ба роҳ монда шуд буд, ки ба  аввалин Истироҳатгоҳи Тобистона, хонандагоне  ки  аз фанҳои риёзӣ, забони англисӣ  ва мантиқ  натиҷаҳои  балантарин ба даст овардаанд ва инчунин як ҳисси  кунҷковӣ барои машғулиятҳои берун аз синфӣ  дар асоси  чорабиниҳои  берун аз мактабӣ  ва дигар дастовардҳо доранд,  интихоб шуданд.
 
Тести  қабули се-соатаи ҳамаҷониба таҳия шуда,  аз ҷониби беш аз 30 нафар назораткунандагони   таълим гирифта гузаронида шуд. Супоришҳои тестӣ аз тарафи  коршиносони байналмилалӣ  тарҳрезӣ шуда дар якҷоягӣ  ҷузъҳои санҷишҳои байналмилалӣ ва барномаи таълимии Осиёи Марказиро дар бар мегирад. Тестҳо ҳам саволҳои кушод ва  саволҳо бо интихоби зиёди ҷавобҳоро дар  бар гирифта,  қобилияти фикронӣ   ва заминаи мустақили  забонӣ ва фарҳангии хонандагонро  месанҷад.
 
“Ин хело душвор буд,чунки ман пештар дар бораи мантиқ фикр накарда будам,” изҳор дошт як хонанда. 
 
Пас аз аҷоми санҷиш,  кумитаи қабули  иборат аз  ҳашт аъзои  кормандони соҳаи маориф аз  Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Қазоқистон ва Конадо,  натиҷаҳо ва дигар маводи қабулшавиро аз назар гузарониданд. Барои таъмини раванди интихоби беғаразона,  ҳамаи номҳои довталабон тоза карда шуданд  ва ба  довталабони тавассути  усули мураккаби  баҳодиҳӣ  дар асоси  натиҷа ва дастовардҳо баҳо дода шуд.  Барои таъмини иштироки  ҳайати хонандагон,   кумита низ  мансубият ба кадом  кишвар, ҷинс, ва мақоми деҳоти ё   шаҳрӣ доштани довталабонро ба назар гирифт. Дар охир, 80 нафар довталабон интихоб шуданд.
 
"Раванди интихоб боиси таъсиси иттиҳодияи  хонандагони  Истироҳатгоҳи тобистона шуд ва мо умедворем, ки аз он  на танҳо фоида мегиранд , балки  захира ва имкониятҳое ки Истироҳатгоҳ пешниҳод мекунад, онро зиёд мекунанд” гуфт Качра, “Гурӯҳи  кории Истироҳатгоҳи тобистонаи мо  нигарони оғози кор бо ин ҷавонони боистеъдоди Осиёи Марказӣ ва расонидани кӯмак барои  ташаккули ояндаи онҳо мебошад.”
 
Хонандагоне, ки дар раванди интихоб  фаро гирифта нашуданд, оид ба натиҷаи худ  ва пешниҳодот барои  такмил додани камбудиҳои ҷойдошта фавран тамос гирифтанд. Илова бар ин, хонандагоне, ки наметавонанд дар Истироҳатгоҳи тобистона иштирок кунанд, минбаъд  барои дохил шудан ба ДОМ  саъюу кушиш намоянд. Дохилшавӣ ба барномаҳои бакалаврии ДОМ, ба монанди қабул ба  Истироҳатгоҳи тобистона ҷиддӣ ва дар асоси дастовардҳо сурат хоҳад гирифт.
 
Истироҳатгоҳи тобистонаи ДОМ -   ин бошишгоҳи  се ҳафтаина ғанигардонии  дониши академӣ, бо таъмини манзилгоҳ, бо мақсади такмил додани   сатҳи дониши хонандагони синфҳои 10 аз фанҳои Риёзи, забони англисӣ барои  бошандагони Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон  ва Қазоқистон ватаъмин намудани таҳсили онхо дар донишгоҳҳои сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Барномаи Истироҳатгоҳи тобистона аз тарафи мутахасисони соҳаи маорифи Амрикои Шимолӣ дар мувофиқа бо талаботҳои хонандагони Осиёи Марказӣ таҳия шудааст, ва таълими забони  англисӣ аз тарафи устодоне, ки забони аслиашон англисӣ аст, гузаронида мешаванд.
 
Иштирокчиён  маълумотҳои иловагӣ  ва маводҳои зарурӣ  барои омода шудан барои дохилшавӣ ба Донишгоҳ, чӣ тавр ба  дохил шудан, интихоби барномаи таълимӣ мувофиқи  дархост ва касби интихобшуда,  омода шудан барои дохилшавӣ  ба донишгоҳ  ва дигар маводҳоро дастрас мекунанд. Дигар фаъолиятҳо, ки бо забони англисӣ гузаронида мешаванд  ба монанди драма, варзиш, баҳсу мунозира, ва саёҳатро дар бар мегиранд.  Иштирокчиёни Истироҳатгоҳи тобистонаи ДОМ,  дар макони бехатар ва зебо, аз тарафи гуруҳӣ кори чандмиллиятӣ, мушовирон ва омузгорони таҷрибадор таълим мегиранд.