Барномаи шаҳодатномавии Рушди Иқтисодии Ҷомеаҳои Маҳаллӣ (РИҶМ) дар Точикистон амалӣ мегардад

Date: 28 July 2015
Other languages: English | Русский язык |

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ( ДОМ) Барномаи шаҳодатномавии Рушди иқтисоди  ҷомеаҳои маҳаллиро (РИҶМ)-ро дар Точикистон  ба роҳ мондааст.

РИҶМ бо мақсади  баланд бардоштани  маҳорати касбии  хизматчиёни ҷомеаҳои маҳаллӣ, ки намояндагони наздиктарини ҳукумат дар деҳотҳо мебошанд ва инчунин барои  тақвият бахшидан ба муносибатҳои байни ҳукумат ва ҷомеа, таъсис дода шудааст.

Гурез Косимзода, муовини Роҳбари Агентии Хизматрасонии Давлатии назди  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба  аҳамияти барномаи  РИҶМ ҳангоми  кушодашавии барнома, изҳори ақида мекунад.

Барнома  тавассути Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори (ММКД)-и ДОМ, дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи  идоракунии давлатии (ДИД) назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Маркази Таҳқиқоти Рушди Байналмилалии  Оттаваи  Конадо ва  Фонди Оғохони Конадо, амалӣ мешавад.

"Пас аз анҷоми бомуваффақияти  Барномаи шаҳодатномавӣ дар соҳаи таҳлили сиёсати давлатӣ  барои  хизматчиёни давлатӣ дар Тоҷикистон, мо хеле хурсандем, ки имконияти дигари ҳамкории самаранок бо Донишкадаи  Идоракунии Давлатӣ дар шаҳри Душанбе дорем» - гуфт Доктор Богдан Кравченко, Директори Генералӣ ва Декани таҳқиқоти дипломии  Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, "РИҶМ бо максади ташаккули маҳорати касбӣ  ва нишон додани роҳҳое, ки хизматчиёни давлатӣ метавонанд самаранок истифода бурда, дар ҳаёти худ ва ҷомеа тайғирот ворид кунанд, таъсис шудааст”.

Дар доираи хамкорӣ, ДОМ 10 модул оид ба  Барномаи шаҳодатномавии РИҶМ-ро таҳия намуда, 10 нафар омӯзгоронро тайёр намуд.   Айни хол, барнома 15 нафар хизматчиёни давлатиро аз ҷамоатҳои дурдасти Тоҷикистон дар ДИД -и шаҳри Душанбе ба таҳсил фаро гирифт.

Хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Барномаи Шаҳодатномавии Рушди иқтисоди маҳаллӣ ва инкишофи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятии Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори ДОМ иштирок карда истодаанд.

"Барномаи  шаҳодатномавии РИҶМ  барномаи нодир ҳаст ва ба хизматчиёни давлатӣ имкон медиҳад, ки дониш ва маҳоратҳои ташкилӣ ва идоракунии  худро дар сатҳи  баланд такмил диҳанд - гуфт Нуриддинов Ҳомидхон, проректори ДИД.

Барномаи таълимӣ,  як силсила мавзӯъҳои гуногун,  ба монанди рушди иқтисодии маҳаллӣ, аз ҷумла соҳибкорӣ ва ҷалби  сармояи хусусӣ оид ба маблағгузорӣ дар рушди инфрасохтор;  рушди ҷомеа ва инчунин ба кор даровардани  захираҳои мехнатӣ, масъалаҳои иҷтимоӣ ва қарорҳои ҳукумат, идоракунии захираҳои заминӣ  ва самаранокии энергетикӣ; идоракунии давлатӣ ва менеҷмент, ташкили фазои мусоид барои соҳибкорӣ ва идоракунӣ ва Технологияи Иттилоотиро дар бар мегирад. Ин барнома дорои 25 кредити Системаи Кредити  Аврупо оид ба интиқол ва захира (ЕСТS) мебошад.

Аз соли 2011 ДОМ кӯшишҳои ҳукуматро дар манотиқҳои ҷумҳурӣ оид ба баланд бардоштани маҳорати касбии хизматчиёни давлатӣ дастгирӣ мекунад. ММКД  дар  асоси Созишнома бо Вазорати Иқтисод ва Молияи Ҷумҳурии Кирғизистон,  1375 нафар хизматчиёни давлатӣ, ки ин барномаро бо муваффақият хатм намуданд, тайер намуд.