Барномаи таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ

Барномаи таҷрибаомӯзии истеҳсолии ДОМ – таҳсили бо кор ҳамҷояшуда аст. Донишҷӯён метавонанд дар ҳаёти воқеӣ (дар фаъолияти касбӣ, ки бо ихтисоси интихобкардаашон алоқаманд аст, хоҳ дар бахши давлатӣ ва хоҳ дар бахши шаҳрвандӣ) донишҳои дар синфхона омӯхтаи худро татбиқ намоянд. Барномаи таҷрибаомӯзии истеҳсолии ДОМ дар якҷоягӣ бо Донишгоҳи Виктория (Канада) таҳия шудааст.

Барнома барои донишҷӯёни бакалавриати ДОМ ҳатмӣ мебошад. Ин бархӯрди инноватсионӣ ба донишҷӯён имконияти ошно шудан бо муҳити корӣ дар дохили кишвар ва дар хориҷ аз онро фароҳам меорад. Барои ин, дар доираи барномаи таҳсилотии панҷсолаи донишҷӯён е сол пайдарҳам (дар давраи тобистон) барои кор ба ташкилотҳои бо касби онҳо мувофиқ равона карда мешаванд. Таълим дар рафти тамоми раванд сурат мегирад, ки аз ҷустуҷӯи кор, ба даст овардани малакаҳои арзишманди муоширати байнишахсӣ, таҷрибаомӯзи дар ҷои корӣ ва инчунин, иштирок дар таҳқиқоти саҳроӣ ва баҳодиҳии якҷояи пешрафти донишҷӯён иборат аст.

Хусусиятҳои асосии Барномаи таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ:

  • Ҳамҷоясозии пайдарпайи кор ва таҳсил;
  • Ҷубронӣ пулӣ барои кори иҷрошуда, ки ҳам корфармо ва ҳам кормандро ҳавасманд мегардонад;
  • Арзёбии сифати иҷрои уҳдаориҳо аз ҷониби донишҷӯ ва корфармо дар тамоми муддати кор;
  • Иштироки омӯзгорон дар Барномаи таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ. Дар доираи барнома корфармо кори донишҷӯро роҳбарӣ мекунад, муассисаи таълимӣ бошад аз болои он назорат мебарад.

Модели таълмии бо кори амалӣ ҳамҷояшуда имкон медиҳад, ки донишҳои назариявии дар дарсҳо ҳосилшуда дар муҳити касбӣ татбиқ гарданд ва иштироки омӯзгорони ДОМ дар барномаро пешбинӣ мекунад, ки ин бефосилагии раванди таҳсилотрро таъмин менамояд.

"Таҷрибаомӯзии ман дар Мактаби олии таҳсилотии Донишгоҳи Назарбоев (МОТДН) дар шаҳри Остона гузашт. Ман бо ҳайати МОТДН, ки дар он намояндагони кишварҳои гуногун меҳнат мекунанд ва рӯҳияи плюрализм ҳукмфармост, аз наздик ҳамкорӣ доштам. Таҷрибаомӯзии мазкур барои ман таҷрибаи муфид буд: ман гузаронидани таҳқиқот, ташкил намудани чорабиниҳои бузургмиқёс ва пешниҳоди шарҳҳои созандаро омӯхтам. Вале, муҳимтар аз ҳама, акнун ман медонам, ки пас аз хатми ДОМ низ таҳсил кардан мехоҳам."

Карлигаш Ҳуссаинова
Қарағанда, Қазоқистон
Илми компютер, шаҳраки донишҷӯён дар Норин
Синфи 2021

Тобистони соли 2018 кормандони ДОМ бо корфармоёни эҳтимолӣ вохӯрданд ва дар 16 шаҳри панҷ давлат (дар Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Покистон ва Афғонистон) 145 ҷои корӣ омода намуданд. Донишҷӯён ДОМ имкони пешниҳод намудани дархост оид ба гузаштани таҷрибаомӯзӣ дао соҳаҳои гуногунро пайдо карданд: иртиботот ва маркетинг, мониторинг ва арзёбӣ, тиҷорат, молия, технологияҳои иттилоотӣ, системаҳои иттилооти ҷуғрофӣ, идоракуни лоиҳаҳо, таҳқиқот, идоракунии захираҳои инсонӣ ва маориф.



Шарикони Барномаи таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ

Қазоқистон

  • Бонки СентрКредит
  • Донишгоҳи Назарбоев, Остона

Қирғизистон

  • Ассотсиатсияи таҳиягарони таъминот ва хизматрасонии барномавӣ дар Қирғизистон
  • Бонки «Бай-Тушум»
  • Career Ambassador Foundation
  • Ширкати «Эл Групп Консалтинг»
  • Аввалин ширкати маблағгузории хурд
  • Бонки сармоягузорӣ ва қарзи Қирғизистон
  • Ширкати телевизионии Next TV
  • Радиои «Азаттиқ»
  • Хазинаи «Сорос-Қирғизистон»
  • Деҳаҳои кӯдакони SOS Children’s Villages International

Тоҷикистон

  • ACTED
  • Агентии Оғо Хон «Хабитат»
  • Хадамоти маорифи Оғо Хон
  • Хазинаи Оғо Хон дар Тоҷикистон
  • Иттиҳодияи ҷамъиятии Amesha Spenta
  • Меҳмонхонаи Atlas
  • Babilon-M
  • Сафорати Британияи Кабир
  • Маркази таҳқиқоти журналистӣ
  • Ширкати «Помир Энерҷи»
  • Хазинаи Save the Children
  • Меҳмонхонаи Serena
  • Ширкати мобилии TCell
  • Аввалин Бонки Молиявии Хурд
  • Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (лоиҳаи «Ҳамроҳ мехонем», «Лоиҳаи тандурустӣ ва ғизо», «Лоиҳаи рушди кишоварзӣ ва таъмини об»)
  • Донишгоҳи Вагенинген

Покистон

  • Хазинаи Accelerate Prosperity
  • Ташкилоти Оғо Хон оид ба рушд
  • Хазинаи Оғо Хон
  • Барномаи Оғо Хон оид ба дастгирии деҳот
  • Донишгоҳи Оғо Хон
  • Ташкилоти рушди Rural Support Programmes Network
  • Меҳмонхонаи Serena
  • uExcel

Афғонистон

  • Хазинаи Оғо Хон