«Илми компютер», бакалаври илм

Ба технологияҳои сатҳи баланд мароқ дорӣ ва мехоҳӣ ки ҷузъи саноати рушдкунандаи минтақа бошӣ? Чунин меҳисобӣ, ки аксар мушкилотро тавассути технологияҳои муосир ҳал намудан мумкин аст? Мехоҳӣ ба онҳо дастрасӣ дошта бошӣ? Ба рушди сифатҳои техникӣ ва пешсафӣ рағбат дорӣ? Он гоҳ барномаи «Илми компютер» барои туст.

Барномаи бакалавриати ДОМ аз рӯи самти «Илми компютер» ба ту имкон медиҳад, ки натанҳо мутахиссиси пешбари соҳаи технологияҳои иттилоотӣ (ТИ) шавӣ, балки ба зумраи он соҳибкорон ва барномасозоне шомил гардӣ, ки омодаанд инфрасохтори техникии Осиёи Марказиро рушд диҳанд ва дар минтақа имкониятҳои нав ба вуҷуд оранд.

Тавассути машғулиятҳо дар озмоишгоҳҳои компютерии ДОМ, инчунин дар давраи таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ, ту ба технологияҳои навтарине, ки ҳоло дар ҷаҳон татбиқ мешаванд, дастрасӣ пайдо кунӣ. Барномаи таълимии «Илми компютер» дар якҷоягӣ бо Донишгоҳи Торонто, Канада бо назарошти стандартҳои байналмилалӣ таҳия шудааст. Нишондодҳои методӣ аз ҷониби Донишкадаи муҳандисони электротехника ва электроника (Institute for Electrical and Electronics Engineers) ва Ассотсиатсияи техникаи ҳисоббарор (Association for Computing Machinery) пешкаш гардидаанд.

Дар барномаи мо ту малакаҳое ба даст меорӣ, ки барои пеш бурдани фаъолияти соҳибкорӣ, фароҳам овардани имкониятҳои нави рушди зарфият ва мусоидат ба рушди ширкатҳои Осиёи Марказӣ заруранд. Донишу маҳоратҳои ту барои дар оянда маҳфуз доштани фарҳанги халқҳои минтақа тавассути татбиқи технологияҳои инноватсионӣ кумак мерасонанд.

Курсҳо

Шояд тағйирот ворид карда шаванд. Донишҷӯён бояд тамоми курсҳои ҳатмиро гузаранд ва тақрибан 5 аз 11 курсҳои мунтахабро интихоб намоянд.


Ҳатмӣ

Асосҳои барномасозӣ

Шиносоӣ ба системаҳои компютерӣ

Сохтор ва алгоритмҳои иттилоот

Замимаҳо барои кор бо пойгоҳҳои иттилоотӣ

Шабакаҳои интернетӣ

Риёзиёти дсикретӣ

Асосҳои таҳияи таъминоти барномавӣ

Алгебраи хаттӣ ва матритсаҳо

Веб ва интернет-технологияҳо

Системаҳои омил ва барномасозии системавӣ


Мунтахаб

Таҳлил, тарҳрезӣ ва амалисозии бизнес-системаҳо

Санҷиш ва озмоиши таъминоти барномавӣ

Системаҳои тақсимшуда

Забони шаклӣ, автоматҳо

Назарияи қобилияти ҳисоб

Тарҳрезии системаҳои ба инсон тамаркузёфта

Муқаддимаи назарияи зеҳни маснуӣ

Графикаи компютерӣ

Лоиҳакашии компиляторҳо

Меъморӣ ва барномасозии мувозӣ

Технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ барои рушд

Коркарди тасвирҳо ва воситаҳои вуруд ва шинохти тасвирҳо

Дурнамои рушди касбӣ

Ихтисоси иловагӣ имкон медиҳад, ки донишу малакаҳоят васеътар шаванд, ва ин ба ту имкон медиҳад, ки номзади рақобатпазир барои ишғол намудани вазифаи муайян шавӣ. Масалан агар ихтисоси асосии ту «Илми компютер» ихтисоси иловагиат «Илм дар бораи рушд» бошад, он гоҳ ту метавонӣ дар соҳаи рушди байналмилалӣ кор карда, малакаҳои худ дар соҳаи ТИ ва рушдро дар Осиёи Марказӣ татбиқ намоӣ.



Word-cloud: Интернет, техник, иттилоот, маъмур, автоматизатсия, рушд, техникӣ, веб, менеҷер, шабака, истифодаи васеъ, лоиҳаҳои махсус, мутахассис оид ба нақшагирӣ, шабака, электроника, системаҳо, таҷҳизот, сайт, шабакаҳои маҳаллӣ, хат, ASIC, таҳлил, амалиёт, меъморӣ, оптика, MIS, таъмини барномавӣ, санҷиш, телефон, хизматрасониҳо, муҳандис, коркарди иттилоот, WAN, микромавҷҳо, алоқа, компютер, EDP, барномаҳои интегратсияшуда, алоқаи бесим, тарҳрезии замимаҳо, марказ, директор, лоиҳакаш, радио, клавиатура, мутахассис, оптикаи нахӣ, микропросессор, технологияҳо, менеҷменти иртиботот, барномасози минтақавӣ, коркард.