Иқтисод, бакалаври илми гуманитарӣ

Шумо ба шуғли сиёсати иқтисодӣ рағбат доред, ки ба пешрафту тарақиёти Осиёи Марказӣ мусоидат кунад? Шумо талош мекунед, ки дар ҷомеа соҳибкори таъсиргузор бошед? Шумо ба барномаҳои таҳлилӣ шавқ доред, ки ширкатҳо барои тасмимгириҳои тиҷоратӣ истифода мебаранд? Мехоҳед дар пайдо кардани роҳҳалҳо барои мушкилоти ҷаҳонӣ ба монанди фақр, афзоиши нобаробарӣ ва тахриб шудани муҳити зист кумак кунед? Агар мехоҳед, пас барномаи Иқтисоди ДОМ барои шумост.

Ҳадафи ДОМ омӯзиш додани иқтисоддонoҳоест, ки ба таври стратегӣ фикр мекунанд ва ҳамчун муҳаққиони, сиёстгузорон, соҳибкорон ва таҳлилгарони муассир хидмат кунанд ва барои фаҳмидани мушкилиҳои иқтисоди Осиёи Маркзӣ ва ҷаҳон аз василаҳои иқтисодӣ истифода кунанд. Ин ихтисос интихобҳои зиёдеро дар бахшҳои гуногун фароҳам мекунад. Иқтисоддонҳо дар ниҳодҳои давлатӣ ва бахши тиҷоратӣ инчунин дар ташкилотҳои мухталифи давлатӣ ва ғайридавлатӣ кор мекунанд.

Барномаи Иқтисоди ДОМ дарсҳои гуногуни мувофиқ ба ниёзҳои донишҷӯёнро пешниҳод мекунад. Донишҷӯён ин барномаро бо омӯхтани назарияи асосии иқтисод ва равишҳои миқдорӣ ва истифодаи он дар омӯхтани арсаҳои гуногуни иқтисодӣ ба монандаи иқтисоди тиҷорат, рушди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, иқтисоди ҷаҳонӣ ва иқтисоди муҳитзистӣ шурӯъ мекунанд.

Барномаи таълими ин ихтисос дар ҳамкорӣ бо Мактаби иқтисоди Маскав ва Мактаби иқтисоди Стогҳол дар Рига таҳия шудааст.

Шумо ба Институти сиёсати давлатӣ ва идоракунӣ, ки дар мавриди сиёсати давлатии марбут ба рушди иқтисодӣ-иҷтимоии Осиёи Марказӣ таҳқиқотҳои дақиқ анҷом медиҳад ва бо вазоратҳои иқтисоди кишварҳои минтақа ҳамкории қавӣ дорад, дастрасӣ хоҳед дошт. Барномаи Иқтисоди ДОМ барномаи амалие аст, ки ба шумо имкон медиҳад то аз тариқи таҷрибаомӯзӣ ва имконоти дигар робитаи ғайри қобили инкори соҳибкорӣ ва рушди иқтисодиро фаро бигиред.

Устодони барномаи Иқтисоди ДОМ

Браҳим Феззанӣ
Бернард Мусик
Анвар Насим
Якуб Поланскӣ
Мирзобобо Ёрмирзоев

Дарсҳои асосӣ

  • Муқаддимаи Иқтисоди хурд
  • Муқаддимаи Иқтисоди калон
  • Омор
  • Муқаддимаи Эконометрика
  • Иқтисоди калони миёна
  • Иқтисоди хурди миёна
  • Омори олӣ
  • Эконометрикаи амалӣ
  • Иқтисоди Осиёи Миёна

Курсҳои махсусгардонидашуда

  • Иқтисоди соҳаи рушд
  • Иқтисоди муҳити зист ва захираҳои табиӣ
  • Сиёсати кишоварзӣ, савдо ва рушд
  • Иқтисоди меҳнат ва муҳоҷират
  • Рушди устувор
  • Муқаддимаи молия
  • Ҳисобдорӣ
  • Иқтисоди соҳибкорӣ
  • Соҳибкории иҷтимоӣ
  • Мудирияти соҳибкорӣ ва навоварӣ
  • Таърихи иқтисод ва таърихи андешаҳои иқтисодӣ
  • Иқтисоди муассисӣ
  • Иқтисоди умумӣ
  • Назарияи бозиҳо
  • Иқтисоди байналмилалӣ: назарияи савдо ва сиёсат
  • Иқтисоди пулии байналмилалӣ

* Дарсҳо метавонанд тағйир ёбанд.


Шумо маҳоратҳои касбии зеринро ба даст меоваред:

  • Тавоноии дарки падидаҳои печидаи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ аз тариқи равишҳо ва назарияҳо;
  • Таҳлили иттилооти миқдорӣ ва сифатӣ бо ҳадафи омӯхтани робитаҳо байни ченакҳои иқтисодӣ;
  • Таҳлили омилҳои таъйинкунандаи сифати тиҷорат, арзиши корхона ва робита байнаи сармоя, кор ва технология дар бозори Осиёи Маркзӣ;
  • Маҳоратҳои иртиботии муассир барои интиқоли мафҳумҳои гуногун ба доираи васеи мухотабон;
  • Арзёбии интиқодии теъдоди зиёди мушкилиҳо бо пурсидани саволҳои марбутаи тадқиқотӣ ва ироа кардани далелҳо барои иқдомҳои эҳтимолии сиёсӣ.

Имкониятҳои корӣ

Ихтисоси иловагӣ ихтисоси асосии шуморо такмил карда, маҷмӯи маҳоратҳо ва дониши шуморо ғанӣ мегардонад ва шуморо барои корфармои оянда ба як довталаби ҳамаҷониба табдил медиҳад.

  • Бахши хусусӣ
  • Бонкдорӣ
  • Корхонаҳои хурду миёна
  • Бахши давлатӣ
  • Ташкилотҳои ғайридавлатӣ
  • Созмонҳои байналмилалӣ
  • Тадқиқотҳои илмӣ