ҚАБУЛИ ДОНИШҶӮЁН

Пур кардани аризаро имрӯз оғоз кунед


Ё


Ариза барои кабул то соати 23:59, 1 марти 2019

Мактаби илмҳои гуманитарӣ ва табиӣ

ДОМ – муассисаи таҳсилотии инноватсионӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад. Мо донишҷӯёни дорои сифатҳои пешсафиро марҳабо мегӯем. Донишҷӯёне, ки доништалаб, кунҷков, ҳадафманд буда, ба таҳсил муносибати эҷодкорона доранд ва саъй менамоянд, ки на танҳо дар синфхона, балки берун аз он ҳам дониш ба даст оранд. Шумо ва қобилияти шумо дар самти беҳтар сохтани олам барои мо ҷолиб мебошед.

Чаро бояд ДОМ-ро интихоб кунем?

  • Барномаҳои таълимӣ дар якҷоягӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии пешбари ҷаҳон, вале бо назардошти хусусиятҳои минтқавӣ, таҳия шудаанд.
  • Мутобиқат бо стандартҳои байналмилалӣ. Рушд ва дастгирии ҷавонони болаёқати Осиёи Марказӣ.
  • Шаҳракҳои донишҷӯён ва инфрасохтори донишгоҳии сатҳи баланди муосир.
  • Таълими босифат бо забони англисӣ.
  • Бархӯрди беназири амалӣ ба таҳсилот, ки фанҳои таҳсилоти умумӣ, илм ва технологияҳоро муттаҳид месозад.
  • Омӯзиши амалӣ тавассути таҷрибаомӯзии истеҳсолии музднок ва лоиҳаҳои курсӣ.
  • Омӯзгорони соҳибихтисос бо унвони PhD барои донишҷӯён таҳсили босифат ва роҳнамоиро таъмин менамоянд ва дар баробари ин фаъолияти таҳқиқоти илмиро ба роҳ мемонанд.
  • Омодагӣ барои дохилшавӣ ба беҳтарин барномаҳои магистратура дар донишкадаҳои гуногуни ҷаҳон.
  • Дастгирии молиявӣ ва грантҳо.

"Азбаски ман аз ОРТ «Шаҳодатномаи тиллоӣ» гирифтам, барои ман интихоби васеи донишгоҳҳо дар Бишкек фароҳам омад. Аммо, ман ДОМ-ро интихоб намудам, зеро ин муассисаи таҳсилоти олӣ тамоми хизматрасониҳо ва инфрасохтори заруриро пешниҳод менамояд: шаҳраки омӯзгорон. ки истиқомати донишҷӯён ва омӯзгоронро пешбинӣ менамояд, барои хониши бомуваффақият идрорҳои пурра медиҳад, хобгоҳҳои роҳат, ноутбук, ғизо муҳайё месозад, омӯзгорон аз тамоми гӯшаву канорҳои ҷаҳон дарс медиҳанд. Дар аввал падару модари ман каме хавотир мешуданд, вале баъдтар онҳо ба шаҳраки донишҷӯён омада, бо донишҷӯён ва омӯзгорон суҳбат карданд ва аз шароит хеле қаноатманд гаштанд."

Дастан Исланбек уулу
Талас, Кирғизистон
Илми компютер, шаҳраки донишҷӯён дар Норин
Синфи 2023

Шаҳракҳои донишҷӯёни сатҳи байналмилалӣ

Аввалин шаҳракҳои донишҷӯёни ДОМ дар ш. Норин (Қирғизистон) ҳи сентябри соли 2016 г., ва баъдтар дар ш. Хоруғ (Тоҷикистон) (2017) ва ш. Текели (Қазоқистон) (2021/22) кушода шуданд. Шаҳраки донишҷӯёни ДОМ дар Норин дар соҳили зебоманзари дарёи Норин, дар наздикии шаҳри ҳамном воқеъ аст. Нақшаи кулл ва лоиҳаи бунёдии шаҳраки донишҷӯён аз ҷониби ширкати меъмории маъруфи Ҷопон Arata Isozaki & Associates таҳия карда шудаанд, ки лоиҳаҳои он сазовори ҷоизаҳои байналмилалӣ гаштаанд. Истиқомат дар шаҳраки донишҷӯён ба онҳо имкон медиҳад, ки донишҳои гирифтаашонро дар амал татбиқ кунанд, дар лоиҳаҳои ҷамъиятӣ, чорабиниҳои варзишиву фароғатӣ ва намудҳои гуногуни мубодилаи фарҳангӣ ширкат варзанд, малакаҳои пешсафӣ ва масъулияти шаҳрвандиро азхуд намоянд.

Бартариҳои шаҳраки донишҷӯён:

  • синфхонаҳо, озмоишгоҳҳо ва китобхонаҳое, ки тибқи технологияҳои навтарин муҷаҳҳаз шудаанд.
  • хобгоҳи муҳофизатшаванда бо шароит барои дарсхонӣ ва истироҳат.
  • утоқҳои қолабӣ, ки фазои шахсӣ ва дараҷаи баланди роҳатро таъмин менамоянд.
  • фазои таълимии кушод дар ҳавои тоза.
  • гузаргоҳҳои пӯшида байни биноҳои шаҳраки донишҷӯён ва равшаниии худкор ва муҳофизат.

Ба ДОМ чӣ тавр дохил бояд шуд?

1. Бо пешниҳод намудани варақаи пуркардашудаи аризаи ДОМ ва ҳуҷҷатҳои ҳамроҳ дар реҷаи онлайн, тавассути почтаи электронӣ ё шахсан расонидани онҳо то соати 23:59 (GMT+6) 1 марти соли 2019.
Маълумоти иловагӣ, Дастурамали қадам ба қадам ё Саволҳои роиҷ

2. Довталабоне, ки аз интихоби пешакии марҳилаи I гузаштаанд, ба имтиҳони қабули ДОМ даъват карда мешаванд, ки рӯзи 24 марти соли 2019 баргузор мегардад ва санҷишҳо аз забони англисӣ, риёзиёт ва мантиқро дарбар мегирад.

3. Довталабоне, ки аз интихоби пешакии марҳилаи II гузаштаанд, бояд дар моҳи апрели соли 2019 тавсияномаҳо ва варақаҳои пуркардашудаи ариза дар бораи дастгирии молиявиро пешниҳод намоянд.

Кӣ метавонад дар ДОМ таҳсил кунад?

Дар ДОМ донишҷӯён аз гӯшаву канори гуногуни Осиёи Марказӣ ва кишварҳои дигаре таҳсил мекунанд, ки табақаҳои мухталифи ҷомеаро намояндагӣ менамоянд. Инчунин, ДОМ ба донишҷӯёни дорои имкониятҳои ҷисмонии маҳдуд имкони таҳсил фароҳам меорад. Шаҳракҳои донишҷӯёни ДОМ, бо тамоми инфрасохтори зарурӣ муҷаҳҳаз карда шуда, ба тамоми стандартҳои байналмилалии сохтмон, ки аз ҷониби Шӯрои байналмилалӣ оид ба меъёрҳо ва қоидаҳои сохтмон таҳия гаштаанд, ҷавобгӯ мебошанд. Шаҳракҳои донишҷӯёни ДОМ бо лифтҳо, хобгоҳҳои махсус барои донишҷӯён ва манзили истиқомат барои омӯзгорон ҷиҳозонида шудаанд. ДОМ тамоми аризаҳоро барои баррасӣ қабул мекунад.

Донишҷӯи ДОМ:

  • Барои ноил шудан ба муваффақият дар таҳсил талош мекунад
  • Ба соҳаҳои нави дониш рағбат дошта, малакаҳои аз худ намудаашро дар раванди берун аз таҳсилот татбиқ мекунад
  • Омода аст, ки бо истифодаи ташаббускорӣ ва усулҳои ғайристандартӣ масъалаҳои воқеиро ҳал кунад
  • Шунавандаи боинтизом, бозигари даставӣ ва пешсаф мебошад
  • Натанҳо ба муваффақияти шахсӣ, балки ба муваффақияти ҷомеа, кишвар ва минтақ манфиатдор аст

Ман дар куҷо таҳсил хоҳам кард?

Дар айни замон аризаҳо барои таҳсил дар барномаҳои бакалавриат дар шаҳракҳои донишҷӯёни ДОМ дар Норин, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Хоруғ, Тоҷикистон қабул карда мешаванд. ДОМ ихтисосҳои Иртиботот ва ВАО; Илми компютер (кампус дар Норин); Илмҳо дар бораи Замин ва муҳити зист и Иқтисод (кампус дар Хоруғ). Вобаста аз ихтисоси итихобшуда, донишҷӯён дар шаҳраки донишҷӯёни ДОМ в Норин, Қирғизистон, ё дар Хоруғ, Тоҷикистон таҳсил мекунанд.

Робитаи мутақобила

Почтаи электронӣ: admissions@ucentralasia.org

Tел:
+996 312 663 822/+996 770 822 901 (Қирғизистон)
+992 93 999 99 64 (Тоҷикистон)
+7 777 822 3948 (Қазоқистон)

Барои маълумоти бештар аз қайд гузаред