Таҳсил дар ДОМ

ДОМ мутахассисони касбӣ ва пешсафонеро омода менамояд, ки дорои қобилияти ҳал намудани мушкилот буда, бо бархӯрди ягона маҳдуд намешаванд.

Мо мехоҳем, ки шумо чунин маҳоратҳо дошта бошед:

  • аз худ намудани иттилооти нав ва рушд додани малакаҳои нав дар соҳаҳои мухталиф;
  • муҳокима, мубоҳиса, саволгузорӣ ва пеш бурдани кори якҷоя бо мақсади дарки беҳтари иттилоот ва ба дониши худ мубаддал сохтани он;
  • таҳлил кардани иттилоот ва андеша рондан дар бораи он бо мақсади баҳо додани аҳамият ва татбиқпазирии он дар кори шумо, ҷомеа ва ҷаҳон дар маҷмуъ;
  • татбиқ намудани донишҳои ба даст омада ва пешниҳод намудани ғояҳои нав, ки ба таҳияи ҳалҳои инноватсионӣ барои посух додан ба душвориҳои муосир дар Осиёи Марказӣ мусоидат мекунанд.

Барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо, бархӯрди беназири ДОМ ба таҳсилот ҷиҳатҳои зеринро дарбар мегирад:

  • таҳсил тавассути дидгоҳи консепсияи санъатҳо ва илмҳои озод, ки ташаккули фикрронии интиқодӣ, малакаҳои таҳлилӣ ва техникиро дар сатҳи байнифаннӣ имконпазир мегардонад;
  • таҳсил дар самтҳои муҳим ва муосир дар асоси нақшаи таълимие, ки аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти олии ҷаҳон таҳия шудааст;
  • таҳсил тавассути амалия, ки имконияти татбиқи донишҳои бадастомадаро дар ҳалли масъалаҳои воқеӣ фароҳам меорад.

Роҳҳои гуногуни таълим дар ДОМ

Таҳсилоти сатҳи байналмилалӣ бо назардошти хусусиятҳои минтақавӣ, усулҳои таълими барои маҳалли мушаххас хос, ки ҳамбастагии барномаҳои таълимӣ бо ҷиҳатҳо ва мушкилоти муҳитизистӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Осиёи Марказиро таъмин менамоянд.

Ҳайати профессорон ва омӯзгорон, ки стандартҳои баланди таълимро риоя менамоянд.Таҳсил дар синфҳои хурд муносибати инфиродӣ бо ҳар як донишҷӯ, мониторинги азхуднамоӣ ва мустаҳкамсозии маводи омӯхташударо таъмин менамояд.

Консепсияи санъатҳо ва илмҳои озод малакаҳои фикрронии интиқодӣ дар сатҳи байнифаннӣ, ахлоқ, усулҳои таҳқиқот, асосноккунии миқдорӣ, рушди малакаҳои нутқи хаттӣ ва фаъолияти соҳибкориро дарбар мегирад.

Таълими амалӣ ба мустаҳкам гаштани алоқамандии донишҳои назариявӣ ва татбиқи онҳо дар амалия барои рушди минтақа мусоидат менамояд. Ҷузъҳои чунин омӯзиш инҳоянд:

  • таҷрибаомӯзии истеҳсолии музднок дар фасли тобистон дар корхонаву муассисаҳои пешбари Осиёи Марказӣ ва хориҷа.
  • Омодасозии лоиҳаҳои курсӣ дар гурӯҳҳо, татбиқи консепсияҳои академӣ дар ҳаёти воқеӣ.
  • Таҳияи нақшаи таъсиси ташкилоти тиҷории шахсӣ; мусоидат ба ташкилоти мавҷуда барои ҳалли масъалаҳои муҳим ва амалисозии лоиҳаҳои иҷтимоӣ.
  • Омӯзиши кейсҳо ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки малакаҳои ҳалли мушкилоти воқеиро аз худ намоянд ва такмил диҳанд, назирияро тавассути амалия омӯзанд.

Зиндагӣ дар шаҳраки донишҷӯён ба омӯзиши ғайрирасмӣ таҳрик медиҳад ва имконияти кушодан ё ҳамроҳ шудан ба маҳфилҳои гуногуни донишҷӯён аз рӯи мароқ ва пайдо кардани дӯстони якумраро фароҳам меорад.

Таҷрибаи истиқомат ва таҳсил дар шаҳрҳои гуногуни кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки шаҳракҳои донишҷӯёни ДОМ дар онҳо ҷойгир шудаанд.

Муҳити ба донишҷӯ тамаркузёфта ба тамоми хонандагон имкон медиҳад, ки донишу малакаҳои заруриро, бо назардошти тарзи омӯзиш ва таҷрибаи инфиродии ҳар яке аз онҳо, ба даст оранд.

Барномаҳои таълимӣ бо ҷалби беҳтарин мутахассисони байналмилалӣ ва минтақавӣ дар соҳаи таҳсилот ва самтҳои дигар таҳия шудаанд, то ки донишҷӯ дурнамои касбии худро ба таври возеҳ тасаввур кунад.

Таваҷҷуҳи махсус ба фаъолият ва ахлоқи соҳибкорӣ бо мақсади омодасозии мутахассисони касбии ташаббускор, ки ба ҷомеае, ки дар он зиндагӣ ва фаъолият мекунанд, таъсир мегузоранд.

Роҳнамоён оид ба ҳаёти донишҷӯ, омӯзгорон ва ва мураббиён дар масъалаҳои таълимӣ ва ҳаёти шахсӣ то ҳадди имкон дастгирӣ зоҳир менамоянд, ки ин натиҷаи мусбии таҳсилро дар оянда афзоиш медиҳад.

Дастрасӣ ба донишкадаҳои таҳқиқоти илмии ДОМ, инчунин ба пойгоҳҳо ва нашрияҳои илмии дахлдор.