Барномаи тайёрӣ

Барномаи тайёрии интенсивӣ барои 33 ҳафта дар давоми се семестри соли хониш пешбинӣ шудааст – ки ин нисбат ба ҳар як соли хониши минбаъда дар ДОМ 7 ҳафта бештар аст.

Ҳар як ҳафта чунин ба нақша гирифта шудааст: 20 соат ба омӯзиши забони англисӣ бахшида шудааст, 4 соат – ба риёзиёт, 3 соат – ба назарияи табиатшиносӣ ва 3 соат – ба корҳои озмоишгоҳӣ оид ба табиатшиносӣ. Аз 4 то 6 соат дар як ҳафта Машғулиятҳои амалӣ аз риёзиёт ва табиатшиносӣ, инчунин аз 4 то 6 соат – машғулиятҳои семинарӣ гузаронида мешаванд. Дар семестри сеюм 40 соат машғулиятҳо барои таҳқиқоти байнифаннӣ аз рӯи ихтисоси интихобшуда ҷудо карда шудааст.

Барномаи таълимии соли якуми таҳсил дар ДОМ дар ҳамкорӣ бо колеҷи “Сенекаи” Канада таҳия шудааст. Ҳамаи аъзои ҳайати профессорон ва омӯзгорони барномаи тайёрӣ дар муассисаҳои таҳсилотии сатҳи байналмилалӣ сертификатсия шудаанд ва дорои унвони магистр ва/ё таҷрибаи назарраси таълим дар фанҳои дахдлор мебошанд.

Курсҳо оид ба риёзиёт

  • Риёзиёти дискретӣ: таҳлили риёзӣ ва векторҳо: назарияи ҳисоб, тартиб ва мантиқи ҳаракат ва тағйирёбии вектор;
  • Мавзуъҳои амиқ оид ба риёзиёт;
  • Риёзиёти амалӣ;
  • Машғулиятҳои семинарӣ.

Курсҳои забони англисӣ

  • Забони англисӣ барои мақсадҳои академӣ: Фикрронии интиқодӣ ва бархӯрди байнифаннӣ;
  • Нутқи хаттии академӣ: Таҳқиқот, насри бадеӣ ва мустанад;
  • Нутқи хаттии академӣ, илмӣ ва расмӣ;
  • Машғулиятҳои семинарӣ.

Курсҳои табиатшиносӣ

  • Усули илмӣ: Об, хок, оташ ва ҳаво;
  • Экспертизаи илмӣ: Муҳити табиӣ ва сунъӣ;
  • Мавзуъҳои амиқ оид ба табиатшиносӣ;
  • Машғулиятҳои амалӣ оид ба табиатшиносӣ;
  • Табиатшиносии амалӣ;
  • Машғулиятҳои семинарӣ.

Курсҳои фаннӣ