Вебинарҳо

Мехоҳед дар бораи қабул ба ДОМ, дастгирии молиявӣ ва идрорҳо, ҳаёти донишҷӯӣ ва бисёр чизҳои дигар маълумоти бештар пайдо кунед? Дар яке аз чаҳор вебинари ДОМ, ки соли 2019 баргузор мегарданд, иштирок намоед.

Моҳхои январ ва феврали соли 2019 Мактаби илмҳои гуманитари ва дақиқ дар мавзуъҳои зерин вебинарҳо баргузор менамояд.
Сана ва вақти аниқи гузаронидани вебинарҳо, тарзи бакайдгириро аз сахифахои Фейсбук ДОМ пайдо намоед

Қабул ба ДОМ ва дастгирии молиявӣ

Шумо чӣ тавр пур кардани шакли онлайни ариза барои барномаи бакалавриати ДОМ-ро мефаҳмед ва дар бораи имкониятҳои гирифтани идрор маълумот мегиред.

Ҳаёти донишҷӯӣ

Вебинари мазкур ба ҳаёти донишҷӯӣ ва зиндагӣ дар шаҳракҳои донишҷӯён бахшида мешавад. Шумо имкон доред, ки бо донишҷӯён ва ҳайати Шуъбаи кор бо донишҷӯёни мо шинос шавед, ва дар бораи ҳаёт дар шаҳраки донишҷӯён бештар маълумот гиред!

Рушди касбӣ бо ДОМ

Иштирокчиёни вебинар дар бораи ҳамкорӣ байни ДОМ ва Донишгоҳҳои хориҷӣ ва барномаи таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ маълумот мегиранд. Барномаи таҷрибаомӯзии истеҳсолии ДОМ барномаи инноватсиониест, ки ба донишҷӯён имконияти ошно шудан бо муҳити корӣ дар дохили кишвар ва дар хориҷ аз онро фароҳам меорад. Барои ин, дар доираи барномаи таҳсилотии панҷсолаи донишҷӯён е сол пайдарҳам (дар давраи тобистон) барои кор ба ташкилотҳои бо касби онҳо мувофиқ равона карда мешаванд.

Шиносоӣ бо омӯзгорони ДОМ

Иштирокчиёни вебинара имкон пайдо мекунанд, ки бо омӯзгорони ДОМ шинос шаванд ва дар бораи раванди таълим маълумот гиранд.


Тамоси мутақобила

Email: admissions@ucentralasia.org

Телефон: +996 312 663 822
+996 770 822 901 (Қирғизистон)
+992 93 999 99 64 (Тоҷикистон)
+7 777 822 3948 (Қазоқистон)