Чаро бояд ДОМ-ро интихоб кунем?

ДОМ имконияти гирифтани таҳсилоти сатҳи байналмилалиро фароҳам меорад:

  • бакалавриат, ки имконияти дохил шудан ба беҳтарин барномаҳои магистратура дар ҷаҳонро пешкаш мекунад;
  • бархӯрди байнифаннӣ ба таҳсилот;
  • омӯзиш бо забони англисӣ;
  • шарикони байналмилалӣ оид ба таҳияи барномаҳои таълимӣ;
  • дастгирии молиявии, фарох, грантҳо ва идрорҳо;
  • таҷҳизоти муосири тамоми биноҳои таълимӣ, истиқоматӣ ва варзишӣ; инфрасохтори рушдёфта барои донишҷӯён бо имконоти маҳдуд;
  • давраи шавқовар ва хотирмони донишҷӯӣ;
  • тахассуси асосӣ ва иловагӣ дар риштаҳои муҳимтарин омодагии шуморо ба фаъолияти касбӣ таъми менамоянд;
  • иштирок дар лоиҳаҳо ва таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ собиқаи кории яксоларо таъмин менамояд;
  • ҳайати байналмилалии профессорону омӯзгорони баландихтисос.

"Мо дар ДОМ ҳамчун як оилаи калоне ҳастем, ки ҳама аъзои он бо ҳамдигар муносибати хайрхоҳона доранд. Омӯзгорон дарвоқеъ мехоҳанд, ки мо дар таҳсил ба муваффақият ноил шавем ва ҳамеша омодаанд, ки кумак расонанд. Мо дӯстони наздики зиёд пайдо кардем; мо доимо ҳамдигарро ба оғӯш мегирем ва механдем. Ҳамарӯза худро дар хонаи хеш эҳсос менамоем."

Адинай Мукамбетова
Нори, Қирғизистон
Иртибот ва ВАО, шаҳраки донишҷӯён дар Норин
Синфи 2023

Китобхонаҳо дар шаҳракҳои донишҷӯён ба рағбат ва ниёзҳои шумо ҷавобгӯ мебошанд.

Дастрасии 100% ба Интернет дар ҳудуди тамоми шаҳракҳои донишҷӯён.

Дар ҳудуди шаҳракҳои донишҷӯён иншооти варзишии сатҳи байналмилалӣ ҷойгир шудаанд: майдонҳои футбол, ки ба талаботи FIFA ҷавобгӯ мебошанд, кортҳои теннис, фитнес-клубҳо ва толорҳои варзиш, ки дар он ҷо дар давоми 365 рӯз дар як сол теннис, баскетбол, бадминтон, волейбол ва футбол бозидан мумкин аст.

Хобгоҳҳои муҳофизатшаванда бо утоқҳои роҳат барои истифодаи умумӣ, аз ҷумла хонаҳо барои бозӣ, хонаҳои фароғатӣ ва таҷҳизоти мусиқӣ.

Дар ҳудуди шаҳраки донишҷӯён, ки дар макони зебоманзар ҷойгир шудааст, минтақаҳои таълимии кушод пешбинӣ шудаанд.

Донишҷӯён дунафарӣ дар утоқҳои модулие зиндагӣ хоҳанд кард, ки онҳоро ба афзалияти ҳар як фард мутобиқ кардан – яъне, фазои шахсии худро ҷудо намудан, ё ҳудуди муштарак сохтан – мумкин аст. Инчунин утоқҳои махсусан таҷҳизонидашуда барои курсии маъюб мавҷуданд.

Барои худро роҳат эҳсос кардани шумо гузаргоҳҳои пӯшида, лифт, равшанидиҳии худкор ва муҳофизати шабонарӯзӣ муҳайё карда шудаанд.

Дар ҳар як шаҳраки ДОМ синфхонаҳо, озмоишгоҳҳо ва китобхонаҳои бо таҷҳизоти навтарин муҷаҳҳазгашта мавҷуданд.