Чолишҳои ҳамбастагии иҷтимоӣ ва танишҳо дар ҷамоатҳо дар марзи Қирғизистон ваТоҷикистон

Type: Report
Size: 1MB
Date: 24 October 2018
Download PDF
Хулоса
Ҳисоботи мазкур ба масъалаҳои якпорчагии иҷтимоӣ ва муноқишаҳо дар марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолият бахшида мешавад. Ин таҳқиқот бар асоси равишҳои (методология) Шинохти муносибат ва Таҷриба тарафҳо ва фазоеро, ки дар ташаккули якпорчагии иҷтимоӣ дар байни ҷомеаҳои наздимарзӣ нақши калидӣ доранд, таҳлил мекунад. Бар асоси мусоҳибаҳои амиқ ва зиндагӣ бо хонаводаҳои деҳоти наздимарзӣ дар ин таҳқиқот ду намунаи таҳқиқ таҳлил шудаанд. Намунаи таҳқиқи аввал ба деҳаи Достук (Қирғизистон) ва деҳаи Чор (Тоҷикистон) бо дар назардошти таҳаввулоти вазъияти марзӣ ва сохтани зерсохтори нақлиётӣ бахшида шудааст. Намунаи дуввум пайомадҳои сиёсати аграрии Шӯравӣ ва таъсири шабакаҳои соҳибкорӣ ба якпорчагии иҷтимоӣ дар байни ҷамоатҳои Қара-Боқ (Қирғизистон) ва Лаконро (Тоҷикистон) таҳлил мекунад.

Ин гузориш тавассути муаллиф бо супориши Институти таҳқиқоти ҷомеаҳои кӯҳистонии Университети Осиёи Марказӣдар чорчӯби пружаи «Пешбурди ҳамбастагии иҷтимоӣ ва ҳаллу фасли даргириҳо дар марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон», бо дастгирии Институти Сулҳи ИМА омода гардид. Гузориш нуқтаи назари расмӣ ё дидгоҳи ДОМ ва Институти Сулҳро инъикос намекунад. Масъулияти мундариҷаи ин гузориш бар дӯши муаллиф мебошад.
This website uses cookies
Cookies are small text files held on your computer. They allow us to give you the best browsing experience possible and mean we can understand how you use our site.
Some cookies have already been set. You can delete and block cookies but parts of our site won't work without them.
By using our website you accept our use of cookies.
Yes, I agree No, I want to find out more