Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бо Донишгоҳи Кембриҷ тавофуқномаи таърихии ҳамкорӣ имзо кард

Date: 25 February 2020
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Донишгоҳи Кембриҷ рӯзи 25-уми феврали соли 2020 ёддошти тафоҳум имзо карданд, ки заминаи ҳамкориҳои илмиро дар арсаҳои тадқиқотҳои муштарак, табодули устодону донишҷӯён ва маводҳои илмиро фароҳам меоварад. Маросими ба имзо расидани ёддошти тафоҳум дар бинои The Old Schools-и Донишгоҳи Кембриҷ воқеъ дар миёни биноҳои дигари қадимии донишгоҳ бо ҳузури Шоҳзода Заҳро Оғохон, аъзои Шӯрои Парасторони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, ректор ва деканҳои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва намояндагони аршади донишгоҳи Кембриҷ баргузор шуд.  


Лаҳзаи ба имзо расидани ёддошти тафоҳум (аз тарафи чап ба рост): Нақиб Хераҷ (узви Шӯрои Парасторони ДОМ), Шоҳзода Заҳро Оғохон (узви Шӯрои Парасторони ДОМ), проф. Стивен Туп (муовини канслери донишгоҳи Кембриҷ) ва др. Шамш Кассим-Лакҳа (Раиси Шӯрои Парасторони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ), профессор Суҳайл Ҳ. Нақвӣ (ректори ДОМ).
“Ман аз имзо шудани тавофуқномаи ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи Кембриҷ ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ хеле хушҳолам”, -изҳор дошт муовини канслери донишгоҳи Кембриҷ профессор Стивен Ҷ. Туп. “Ин тавофуқнома ҳадафҳои моро дар ростои пайдо кардани роҳҳои ҳамкориҳои наздиктар ва саҳм гузоштан дар ҷомеа расмият мебахшад. Ҳамкорӣ миёни донишгоҳҳо хеле муҳим аст ва ба ин далел донишгоҳи Кембриҷ талош мекунад бо муассисаҳои пештози ҷаҳон ҳамкориҳоро ба роҳ монад. Мо умед дорем, ки ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Ташкилоти Оғохон оид ба Рушд (AKDN) самарабахш хоҳад буд”.  

Ин ёддошти тафоҳум бар пойбандии Донишгоҳи Кембриҷ ба меъёрҳои баланди илмӣ ва ҳамкориҳои феълии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ такя мекунад. Интизор меравад, ки ҳамкории ин ду муассиса барои олимон имконият медиҳад, то дар арсаҳои муҳим барои Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон аз тариқи созмонҳои Ташкилоти Оғохон оид ба Рушд (AKDN) тадқиқоти муштарак анҷом диҳанд.

Доктор Шамш Кассим-Лакҳа, раиси Шӯрои Парасторони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Намояндаи дипломатии Ташкилоти Оғохон оид ба Рушд (AKDN) дар Ҷумҳурии Қирғизистон зимни изҳори сипос ба профессор Стивен Ҷ. Туп таъкид кард “Донистани ин чиз муҳим аст, ки ёддоште , ки имрӯз онро имзо мекунем, ҳосили эътимод ва талошҳои ҳамкорони мо дар ҳарду донишгоҳ мебошад. Бо дастгирии пайваста ва саховатмандонаи Кембриҷ Траст ва факултаи омӯзиш қадамҳои нахустини ҳамкорӣ дар самти тақвияти ҳайати устодон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ гузошта шуда буданд.”  

“Волоҳазрат Оғохон, Канслери Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ҳамеша моро хотиррасон мекунад, ки муваффақияти ҳар донишгоҳ ду меъёр дорад; шуғли хатмкунандагон ва сифати тадқиқот, ки дар донишгоҳҳои анҷом шуда, баъдан ба фоидаи ҷомеаҳо истифода мешавад”-изҳор дошт доктор Кассим-Лакҳа. 


Донишгоҳи Осиёи Марказӣ соли 2000-ум таъсис ёфтааст. Шартномаи таъсисӣ ва Оинномаи ин донишгоҳи хусусӣ, дунявӣ ва ғайритиҷоратӣ аз ҷониби президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Волоҳазрат Оғохон имзо шуда, аз сӯи парлумонҳои ин кишварҳо ба тасвиб расид ва дар Созмони Милали Муттаҳид ба қайд гирифта шуд. Донишгоҳи Осиёи Марказӣ як муассисаи омӯзишии беназирест, ки ба рушди манотиқи куҳистон таваҷҷуҳ мекунад. Шаҳракҳои донишҷӯии Мактаби илмҳои гуманитарӣ ва дақиқи ин донишгоҳро меъмори ҷоизадор – Арата Исозакӣ тарҳрезӣ кардааст, ки дар Норини Қирғизистон ва Хоруғи Тоҷикистон қарор доранд. Шаҳраки донишҷӯии Текелӣ дар Қазоқистон феълан дар марҳилаи банақшагирӣ аст. Мактаби олии Рушди Донишгоҳи Осиёи Марказӣ аз се донишкадаи тадқиқотӣ иборат аст ва Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори ин донишгоҳро шурӯъ аз соли 2006 150 ҳазор донишомӯз хатм кардаанд. 
This website uses cookies
Cookies are small text files held on your computer. They allow us to give you the best browsing experience possible and mean we can understand how you use our site.
Some cookies have already been set. You can delete and block cookies but parts of our site won't work without them.
By using our website you accept our use of cookies.
Yes, I agree No, I want to find out more