Дастрасии ройгон ба китобҳои мероси фарҳангии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ

Date: 24 April 2020
Бахши мероси фарҳангӣ ва илмҳои гуманитарии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ маҷмӯаи китобҳои мероси фарҳангиашро дар сомонаи Донишгоҳ дар дастрасии ройгон қарор додааст: https://ucentralasia.org/Research/CulturalHeritageBookSeries/RU.

Мақолаҳои фарогири мавзӯҳои таърих ва мероси фарҳангии Осиёи Марказӣ, Помир ва Қирғизистон ба забонҳои англисӣ, русӣ ва қирғизӣ дар дастраси умум мебошанд. Китоби панҷҷилдаи “Санъати мусиқии Помир”, “Сурудҳои маросими дафни қирғизҳои Помир”, “Ривоятҳои таърихӣ ва этнографии чӯпонҳои қирғизи Узбекистони шӯравӣ”, “Осори бостонии Тян-Шан” ва “Таҳлил мусиқии Қирғизистон” аз ҷумлаи китобҳои дастрас мебошанд. Панҷ мақолаи таҳқиқии Бахши мероси фарҳангӣ ва илмҳои гуманитарӣ низ барои боргирии ройгон дастрасанд: https://ucentralasia.org/Research/ResearchPapers/RU.

Ин маҷмӯаи китобҳо ба тарвиҷи шинохти фарҳангҳо ва наслҳо ва дастгирии пажуҳишгарони Осиёи Марказӣ дар заминаи анҷом додани таҳқиқотҳои босифат ва аслӣ, нашр ва тавзеъ намудани корҳои онҳо барои мухотабони минтақа ва ҷаҳон мусоидат мекунанд. Инчунин метавонед китобҳои мазкурро аз Бахши мероси фарҳангӣ ва илмҳои гуманитарии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ харидорӣ кунед: publications@ucentralasia.org.

Намояндагони донишҳои суннатӣ дар ҳоли куҳансол шудан ҳастанд ва ин раванд дар канори падидаҳои дигар ба монанди манбаҳои маҳдуд, муҳоҷират ва таъсироти хориҷӣ ин донишҳоро зери хатар мегузорад. Кумак ба мардуми Осиёи Марказӣ ҷиҳати ҳифзи суннатҳо ва мероси ғании фарҳангӣ ба унвони дороӣ барои оянда яке аз рисолатҳо муҳими Донишгоҳи Осиёи Марказӣ мебошад, ки ин маҷмӯаи китобҳо ва мақолаҳои пажуҳишӣ дар ин росто нақши бузург доранд. 
This website uses cookies
Cookies are small text files held on your computer. They allow us to give you the best browsing experience possible and mean we can understand how you use our site.
Some cookies have already been set. You can delete and block cookies but parts of our site won't work without them.
By using our website you accept our use of cookies.
Yes, I agree No, I want to find out more