Энергияи замингаромӣ (геотермалӣ) ба кишоварзии Тоҷикистон дар ҳама фаслҳои сол кумак мекунад

Date: 09 June 2020
Other languages: English | Русский язык |
Набуди амнияти ғизо дар ҳоли  табдил ёфтан ба мушкили аслии манотиқи кӯҳистон, ба хусус Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон аст; минтақае, ки фасли киштукори кутоҳ, иқлими номусоид дар баландии бештар аз 2000 метр ва инчунин замини қобили кишти кам дорад. Бо ҳадафи расидагӣ ба ин мушкилҳо Донишкадаи тадқиқоти манотиқи куҳистони (MSRI) Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар ҳамкорӣ бо  муассисаҳои пажӯҳишӣ ва шарикони рушд барномаеро дар мавриди системаҳои ғизо рӯи даст гирифтааст. 

“Энергияи геотермалӣ манбаи кашфношуда ва муҳим барои истеҳсоли маводи ғизоӣ мебошад”, мегӯяд Азиз Алӣ, корманди илмии Донишкадаи тадқиқоти манотиқи кӯҳистони (MSRI) Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ. “Тоҷикистон манобеи зиёди обҳои гарми табиӣ дорад, аммо аз онҳо танҳо барои табобати бемориҳои гуногун, аз ҷумла бемории пӯст истифода мешавад. Аз зарфияти ин обҳо метавон барои гарм кардани гармхонаҳо бо ҳадафи парвариши сабзавот ва инчунин мурғпарварӣ истифода кард.”

Донишкадаи тадқиқоти манотиқи кӯҳистон (MSRI) дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Хоруғ тирамоҳи соли 2018 дар деҳаи Ҷелондии ноҳияи Шуғнон истифодаи энергияи геотермалиро барои гармхона ба роҳ андохт. Ин барномаи озмоишӣ бо ҳадафи озмоиши истифодаи обҳои гарми табиӣ барои парвариши сабзавот дар гармхона дар минтақаи баландкӯҳ анҷом шуд.  Барномаи мазкур аз ҷониби Донишкадаи тадқиқоти манотиқи куҳистон (MSRI) сармоягузорӣ шуда, аз тариқи барномаи Pathways to Innovation (P2i)-и Маркази таҳқиқотии рушди байналмилалии Канада роҳандозӣ шуд.


Қитъаи замини парвариши картошка ва помидор дар дохили гармхонаи Ҷелондӣ дар баландии 3480 метр аз сатҳи баҳр.
Др. Саидмир Шомансуров, профессори илмҳои биологияи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба ҳайси роҳбари барнома бо Азиз Алӣ, корманди илмии ДОМ кор карда буд. Бо таассуфи зиёд иттилоъ ёфтем,ки др. Шомансуров рӯзи 26-уми май аз бемории Covid-19  даргузашт.
Натиҷаҳои ин барнома нишон доданд, ки сабзавот метавонад бо истифода аз гармии геотермалӣ дар баландӣ парвариш шавад. Дар гармхонаи 50м2 дар деҳаи Ҷелондӣ бо вуҷуди шароити номусоди табиӣ тайи 4 моҳ 700 килограмм сабзавот ба даст омад. Тадқиқот ба ин натиҷа расид, ки ин метавонад манбаи хубе барои таъмини маводи ғизоӣ бошад ва инчунин даромади хонаводаҳоро афзоиш диҳад. 

Дар доираи ин барнома моҳи ноябри соли 2019 дар деҳаи Ҷелондӣ бо истифода аз гармии геотермалӣ барои парвариши мурғобӣ ҳавзи кучак бунёд ёфт.  Натиҷаи аввалия умедбахш буд, зеро мурғобиҳо дар тӯли 1.5 моҳ вазн ва рушд қобили таваҷҷуҳ доштанд. Хулосаҳо нишон медиҳанд, ки бо сармоягузории 2,130 сомонӣ барои харидани ҷӯҷаи мурғобӣ ва хуроки яксолаи онҳо як оила метавонад аз мурғпарварӣ 1,880 сомонӣ даромад ба даст оварда, ҳаҷми даромадашро ҳар сол афзоиш диҳад. Ин даромади нисбатан хуб маҳсуб мешавад ва метавонад ба зиндагии минтақаи кӯҳистон ва амнияти ғизо мусоидат кунад.


Ҳавзи мурғобӣ дар деҳаи Ҷелондӣ.
“Тадқиқоти мо то соли 2020 идома меёбад; натиҷаҳои аввалия нишон медиҳанд, ки манбаҳои геотермалии чашмаҳои гарм дар минтақаҳои баланди ВМКБ барои истеҳсоли ғизо бо ҳазинаи кам дар тамоми сол зарфияти бузург доранд.” мегӯяд Азиз Алӣ. “Энергияи геотермалӣ ҳадяи ройгони табиат аст ва истифодаи оқилонаи он метавонад барои боло бурдани истеҳсоли ғизо ва дастгирии зиндагии ҷомеаҳои кӯҳистони Осиёи Марказӣ мусоидат кунад.” 
This website uses cookies
Cookies are small text files held on your computer. They allow us to give you the best browsing experience possible and mean we can understand how you use our site.
Some cookies have already been set. You can delete and block cookies but parts of our site won't work without them.
By using our website you accept our use of cookies.
Yes, I agree No, I want to find out more