Вазорати саноати Тоҷикистон таъсиси Шӯрои рақамисозиро эълон кард

Date: 12 March 2020
Other languages: English |
Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон зимни як нишасти онлайн, ки аз тарафи ин вазорат, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва ширкати StrategEast баргузор шуд, омодагии худро барои таъсиси Шӯрои рақамисозӣ эълон кард. Ҳадафи аслии ин шӯро таъсиси аввалин Пойгоҳи фановариҳои пешрафта дар Тоҷикисон мебошад. Коршиносони ҳозир дар ин нишаст таҷрибаи худ дар мавриди таъсиси боғҳои фановариҳои пешрафта дар Авруосиё ва тадбиқи он дар Тоҷикисонро дар миён гузоштанд. 


Фарҳод Билолзода, муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ҳангоми суханронӣ. 

Фарҳод Билолзода, мувоини Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар нишаст рӯзи 10-уми март зикр кард, ки Шӯрои рақамисозӣ бахше аз вазорат хоҳад буд ва пешрафти фановариҳоро дар минтақаҳои гуногун, аз ҷумла дастрас кардани интернети баландсуръатро дар манотиқи рустоӣ густариш хоҳад дод. Билолзода ичунин қайд кард: “Барои истифода аз ин фурсатҳои нав дар Ҳукумат, бахши хусусӣ ва дар маҷмӯъ дар ҷомеа бояд як пойгоҳи нав таъсис шавад. Пойгоҳе, ки барои пазируфтани таҳаввулоти нав қодир ва моил бошад.”

Вазорати саноат ва технологияҳои нав бо ҳадафи таҳияи ҳадафҳои стратегӣ ва ташкили ҳайати Шӯрои рақамисозӣ Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, шарикони рушд, бахши хусусӣ ва созмонҳои ғайридавлатиро ба ҳамкорӣ даъват кард. 

Дар ин нишаст инчунин намояндагони ширкатҳои гуногун суханронӣ намуданд. Олександр Борняков- муовини вазири таҳаввулоти рақамии Украина, Константин Михел-намояндаи ширкати ҳуқуқии “VMP Partners” дар мавриди қонунгузории фановариҳои иттилоотии Белорус, Дмитрий Еремин-узви Шӯрои назоратии пойгоҳи инноватсионии “UNIT” дар мавриди таҷрибаи қонунгузории фановариҳои иттилоотии Украина ва Айтандил Касрадзаде-роҳбари Агентии технология ва инноватсияи Гурҷистон дар бораи ҳамкориҳои бахши давлатӣ ва хусусӣ дар таъсиси боғҳои фановариҳои пешрафта баҳсу гуфтугӯ карданд. Шавкат Алӣ Хан-роҳбари бахши фановариҳои иттилоотии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ модератори ин нишаст буд. 

Ректори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, проффессор, Суҳайл Нақвӣ дар суханронии худ бо ишора ба “нақши марказии мардум дар иқтисоди донишбунёд ва ниёз ба фароҳам овардани имкониятҳо ва омӯзиш” гуфт: “Бо фароҳам шудани чунин фазои мусоид соҳибкоронро лозим аст бо истифода аз маҳорат ва истеъдоди навоваронаи одамон дар вусъат додани имкониятҳо ширкат варзанд.” Анатолий Моткин, президенти “StrategEast” дар мавриди пешрафти бахши фановарии иттилоотии Гурҷистон ва корбурди онҳо дар Тоҷикистон суханронӣ намуд.  Озодхон Давлатшоев, дирекори генералии ширкати мухобиротии “Тисел” ишора кард, ки азбаски Тоҷикистон як кишвари кӯҳистон аст, рушди баробари он аз дастрасии васеъ ба интернети баландсуръат вобаста аст. 

Суҳбати пурраро инҷо бубинед: https://www.youtube.com/watch?v=IKp2ZH5Zzxc

This website uses cookies
Cookies are small text files held on your computer. They allow us to give you the best browsing experience possible and mean we can understand how you use our site.
Some cookies have already been set. You can delete and block cookies but parts of our site won't work without them.
By using our website you accept our use of cookies.
Yes, I agree No, I want to find out more